Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон зиёд шуд
Дар Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2024 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 4,4 миллиард доллар расонида шуд. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 29,3 фоиз ё 1 миллиард доллар зиёд мебошад.
Зимни нишасти матбуотӣ вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода гуфт, дар ин давра содироти мол 1 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2023 319,2 миллион доллар афзоиш ёфт. Сохтори содиротии мамлакатро асосан металлҳои қиматбаҳо, нахи пахта ва маҳсулот аз он, маъданҳо, алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он, либосҳои гуногун ва бофташуда, маҳсулоти кишоварзӣ, неруи барқ, семент ва дигар маҳсулот ташкил медиҳад.
Воридоти мол ба Тоҷикистон бошад, 3,4 миллиард долларро ташкил додааст. Нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2023 680,1 миллион доллар зиёд гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ