Гарет Бэйл тарки футбол мекунад
Ҳамлагари уэлсӣ Гарет Бейл эълон кард, ки дар синни 33-солагӣ аз футболи касбӣ канор меравад.
«Пас аз андешаҳои зиёд, ман эълон мекунам, ки тарки футбол менамоям. Ин мушкилтарин тасмим дар зиндагии ман буд, ки гирифта шуд. Ҳоло ба саҳифаи нави ҳаёти худ меравам. Вақти тағйирот ва фурсат барои саргузаштҳои нав аст”,- навиштааст Бэйл.
Футболбоз дар мавсими 2006/07 дар ҳайати тими «Саутгемптон» аввалин бозиро анҷом дод. Соли 2007 ба сафи «Тоттенхэм» пайваст ва аз соли 2013 то соли 2022 дар “Реал Мадрид” фаъолият кардааст.
Дар мавсими 2020/21 ӯ ба лагери «Тоттенхэм» барои мавсими иҷора баргашт. Охирин клуби футболбоз Лос-Анҷелос буд.
Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ