Газ дар Душанбе 6 сомонию 30 дирам, дар Ашт 5 сомонӣ. Чаро?
Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд як литр гази моеъ ба 5 – 5 сомонию 30 дирам баробар шудааст. Ин дар ҳолест, ки нисбат ба минтақаҳои дигари кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд як сомонӣ арзонтар аст.
Тоҷирони Ашт ба хабарнигори “Озодӣ” сабаби чунин фарқи зиёд доштани нархи сӯзишвориро шарҳи бештар надодаанд. Аммо гуфтаанд, фоидаи зиёд ҳам намегиранду зарар ҳам намебинанд.
Гуфта мешавад, ки Ашт бо ноҳияи Попи Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст. Тахмин меравад, ки ин навъи сӯзишворӣ аз кишвари ҳамсоя оварда шавад. Вале мақомот чӣ мегӯянд?
Аҷиб, чаро дар як минтақаи дурдасти Тоҷикистон имкони арзонтар фурӯхтани гази моеъ ҳасту дар шаҳру ноҳияҳои наздик ба марказ наметавонанд нархро поинтар кунанд?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ