Генерал Ионов. Ӯ дар Бадахшон чӣ меҷуст?

Ионов Михаил Ефремович (12.3.1846, губ. Варшава,- 16.1.1923, Алмаато), иштирокчии юришҳои Хева (1873), Қўқанд (1875-76), аввалин сардори отряди Помир (1891-96), генерал-майори рус (1894) буд.

Соли 1883 сипоҳиёни афғон бо дастури амир Абдурраҳмонхон минтақаи шарқии Помирро ишғол карданд, ки дар натиҷаи он рақобати русҳо ва англисҳо дар минтақа шиддат ёфт. Мардуми Помир дар муборизаи зидди истилогарон ба намояндагони Генерал-губернатории Туркистон муроҷиат карданд.

8.6.1891 бо мақсади таҳқиқи минтақаи Помир дастаи хурди экспедитсионӣ (дар ҳайати 8 афсар) бо сардории Ионов ташкил карда шуд. Ҳадафи даста: хотима додани дахолати чиниҳову афғонҳо дар Помир, ки бо пуштибонии англисҳо амал мекарданд ва фаҳмонидани мардуми маҳаллӣ, ки Помир зери нуфузи Русия қарор дорад.

Ионов 8-уми июл ба Бурдеба (наздикии Мурғоб) расид ва дар муддати 23 рўз ҳудуди Мурғоб, Аличур, Рангкўл ва Сассиккўлро давр зада, ҷанубу шарқи Помирро то қаторкуҳи Ҳиндукуш таҳқиқ кард.

Ӯ ҳангоми бозгашт дар назди гумбази Бозай бо капитани сипоҳиёни англис Юнгус Бенгда вохўрда, ўро бо сабаби надоштани рухсатнома нагузошт, ки тавассути Вахон аз Қошғар ба мулкҳои ҳиндустонии Британияи Кабир сафар кунад.

8-уми август Ионов дар соҳили дарёчаи Аличур бо ёвари лейтенанти англис Дэвисон — Ф. Э. Янгҳазбенд (1863-1942) ҳамсуҳбат шуда, ба ў дар бораи ишғол шудани Помир аз ҷониби Русия ва сафари ғайриқонунии дастааш ба минтақаи Читрол гузориш дод.

Ионов баъди анҷоми гуфтушунид Янгҳазбендро аз Помир ба Қошғар бадарға кард ва худ ба Марғелон баргашт (30.8.1892).

Ионов солҳои 1899-1907 губернатори ҳарбии Ҳафтрўд (Семиреченск) буд. Писараш В. М. Ионов дар ҷанги шаҳрвандии Осиёи Миёна ширкат кардааст.

А. РАҲМОНҚУЛОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *