Генерал-полковник Салимзода, кист ӯ?
Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон бо рутбаи махсуси “генерал-полковники адлия” сарфароз гардонида шуд, хабар дод котиботи Агентии мазкур.
Салимзода 1 январи соли 1957 дар ноҳияи Темурмалик зода шуда, соли 1979 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Фаъолияташро соли 1980 аз кор мақоми ҳуқуқшиноси иттиҳодияи “Селхозхимия”-и Кӯлоб оғоз карда, баъди хизмат дар артиш ба кор дар мақомоти додситонӣ дар ВМКБ гузаштааст. Ӯ ба ҳайси ёвари калони додситон, муфаттиши калони додситонии ВМКБ, баъдан дар мақомоти ҳизбӣ дар ВМКБ ва Кӯлоб, сипас ба ҳайси додситони шаҳру навоҳии гуногуни кишвар кор кардааст.
Аз соли 1998 то 2002 додситони шаҳри Душанбе буда, аз соли 2002 то 2007 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудааст. Ӯ моҳи январи соли 2007 бо фармони президент роҳбари ниҳоди навтаъсис – Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсия таъйин гардид.
Аз моҳи июни соли 2009 мушовири давлатии президенти Тоҷикистон ва аз январи соли 2010 ҷойгузини Бобоҷон Бобохонзода дар мақоми Прокурори генралии Тоҷикистон шуд. Соли 2015 аз вазифаи собиқаш озод гардида, ба ҳайси раиси Иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар интихоб шуда буд. Солҳои охир дар мақоми директори Агентии назорати маводи нашъаовар кор мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ