Генерал Умаров дубора ба бемористон бурда шуд
Мансурҷон Умаров, сардори Идораи зиндонҳо ва муовини вазири адлияи Тоҷикистон, дубора дар бемористон бистарӣ шудааст. Манобеи боварбахш дар шифохонаи «Истиқлол» ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ ин хабарро рӯзи 7-уми сентябр тасдиқ карданд.
Ба гуфтаи як манбаъ дар бемористони «Истиқлол”-и Душанбе, «Мансурҷон Умаров рӯзи 5-уми сентябр пас аз бад шудани вазъи саломатиаш, аз хона ба бемористон интиқол ёфт».
Манбаъ афзуд, Умаров, ки нав аз бемории илтиҳоби шуш ё пневмония табобат гирифта буд, ин бор ба хунрезии меъда дучор шудааст.
«Рӯзи шанбе якбора саломатиашон бад шуд ва он касро ба беморхонаи «Истиқлол” оварданд. Табибон муайян карданд, ки Мансурҷон Умаров ба хунрезии меъда гирифтор шудааст. Ҳоло зери назорати табибон ҳастанд, аз рӯи овардаашон аҳволашон беҳтар аст. Хунравии меъдаашон ҳоло манъ шудагӣ аст”, — афзуд ҳамсуҳбати мо дар беморхонаи «Истиқлол”.
Мақомот ин хабарро расман тасдиқ ё рад накарданд.
Мансурҷон Умаров ҳафтаи гузашта баъд аз муолиҷа аз бемории илтиҳоби шуш ё пневмония аз беморхона рухсат шуда буд. Масъулони беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона рӯзи 7-уми сентябр гуфтанд, Умаров чанд муддат дар инҷо аз бемории илтиҳоби шуш табобат гирифт.Ӯ генерал-лейтенант ва 53-сола аст. Ҳашт сол дар мансаби муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст.Моҳи майи имсол Носир Умаров, бародари Мансурҷон Умаров ва корманди ширкати «Барқи тоҷик» дар бемористони Зарафшони шаҳри Душанбе даргузашт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ