Генплани додари раис дар Ҷ. Расулов 100 касро ба кӯча андохтааст
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов иқдом кардааст, ки “Бозори марказӣ”-и ноҳияро, ки дар он ҷо беш аз 1000 соҳибкор фаъолият доранд вайрон карда, ҷои онро роҳи мошингард ва минбаъд барои бунёди биноҳо истифода барад.
Ба гуфтаи соҳибкорони бозор, раиси даври ноҳия ва кормандони МИМҲД-и ноҳия ба онҳо ваъда дода будаанд, ки дар бозори мазкур то соли 2035 метавонанд савдои худро ба роҳ монанд. Аммо 6 апрел, мо шоҳиди он гаштем, ки як гурӯҳ кормандони ҳукумати ноҳия ба соҳибкорон маҷбурӣ огоҳинома медоданду, як гурӯҳ сохтмончиён ба фурӯшандагону харидорон аҳамият надода, ба вайрон кардани бозор шурӯъ карданд.
Ба бозори додари раис равем?
Адвокат Ёқубова Лола аз он изҳори нигаронӣ дорад, ки масъулини ҳукумат ҳуқуқҳои на танҳо соҳибкорон, балки шаҳрвандони қаторӣ, аз ҷумла деҳқононеро, ки дар гӯшаи деҳқон ба савдо машғул ҳастанд, поймол намуда истодаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки моддаи 18-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ” онҳоро зери ҳимояи худ гирифтааст.
Аммо имрӯз соҳибкорони бозори ҷанҷолие, ки шумо худ шоҳиди бесарусомониҳо дар он ҷо гардидед, ҳисси ноумедӣ аз адолат алаккай ҷой гирифтааст, зеро вақти аз онҳо суол кунӣ, бо ҳисси яъсу ноумедӣ мегӯянд:
-Ин кор аз боло ҳал шудааст. Бозор, ки аз они додари раиси ноҳия-Акмал Бутаев ҳаст, ба арзу доди мо гӯш намедиҳанд ва тавре мекунанд, ки ё пурра аз баҳри соҳибкорӣ гузарем ё ба бозори додари раис рафта, ба савдо машғул шавем.
“Акаҳои портфелдор” якбора пайдо шуданд
Рӯзи 6 апрел хабар расид, ки бозорро вайрон мекунанд. Ба “Бозори марказӣ”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов рафтем, то асли воқеаро ба чашми худ бинем. Соати 8:30 ҳама ҷо оромӣ буду ҳама ба кори худ машғул. Андешидам, ки мардум аз пашша фил месозанд.
Аммо якбора чанд милиса пайдо шуданд ва моро печонида гирифта, ба пурсуҷӯ сар карданд , кӣ ба шумо гуфт ба ин ҷо оед, чаро ин ҷо ба навор гирифта истодед ва ғайра…
Онҳо ташрифи ғайриинтизори мо хавотир буданд. Яке аз онҳо гуфт:
-Бинед, чӣ кор карда истодаед! Ҳамаро “съёмка” карда, ба по хезондед. Ҳамаи ин мардум то имрӯз ҷим буданд, акнун ҳама доду вой гуфта истодаанд!
Дар навбати худ пурсидем:
-Вазифаи шумо чист? Хато накунам, назорати тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии нобасомониҳо.
Вазифаи мо ҳам дарди ҷамъиятро шунидану таҳлил карда навиштан. Барои ҳамин мо ҳам аз рӯи вазифаи худ ин ҷо омадаем, на барои халқи “ором”-и ин минтақаро ноором кардан.
Дар ҷустуҷӯи директорҳои гуреза…
Мо паи ҷустуҷӯи директорони ҶДММ-ҳое, ки дар ҳар кадоме дар нуқтаҳои муайяни бозор ҷой гирифта, фаъолият мекарданд, шудем, аммо аз 5 роҳбар, ҳамагӣ 1 директор ва ду муовинро пайдо карда тавонистему халос. Сараввал бо директори “ҶДММ-Хоҷа Тошпулод”-Ҷамшед Ҷӯрабоев оид ба муноқиша бозор ва сабаби асосии он суҳбат кардем. Номбурда нахост суҳбат кунад ва узр пеш оварда гуфт, ки ин ҷо шахсони манфиатдор дасти аввал ҳастанд ва гуфтани мову навиштани шумо бефоида аст. Вале кӯшиш карда, ба саволҳои худ аз Ҷӯрабоев ба баъзе саволҳо ҷавоб ёфтем:
-Аслан ин бозор солҳои 1990 дар масоҳати тахмин 2 гектар сохта шудааст. Дар ин бозор ғайр аз деҳқононе, ки маҳсулоти худро ба фурӯш мебаронанд, беш аз ҳазор соҳибкор фаъолият мебарад.
Аз оғози бунёди бозор то имрӯз 5 ҶДММ ва 200 дӯконҳои хусусӣ фаъолият доранд. Аз оғоз то имрӯз як бозори аз назарҳо дур бо туфайли соҳибони ҶДММ-ҳо ба бозори обод табдил ёфт ва ниёзи шаҳрвандон аз ҳамин бозор бароварда мешавад ва ҳоҷат нест, ки барои зарурати рӯзгор ба шаҳри Истаравшан ё дигар шаҳру навоҳӣ раванд.
Албатта, ҳамаи мо пеш аз ҳама, фаъолияти худро дар асоси қонунҳои ҷории кишвар оид ба савдо ва соҳибкорӣ ба роҳ мондаем ва сари вақт андозро пардохт мекунем, инчунин тафтиш ва таҳлилҳои кормандони зидди сӯхтор низ нишон дод, ки баҳри таъмини бехатарӣ аз сӯхтор тамоми чораҳо андешида шудааст, аз ҷумла бунёди ҳавзи об.
“Бозори Ашроф” оромиро халалдор кард…
Аммо дар ноҳия “Бозори Ашроф” бунёд шуду оромии тамоми соҳибкорон халалдор шуд. Рӯзе нест, ки кормандони ҳукумати ноҳия, кормандони СЭС ё хадамоти оташнишонӣ бо ҳар баҳона “тафтиш” наоянд. Шояд аз як ҷиҳат самти кори онҳо назорати пайваста бошад, пас суоле пеш меояд, ки модоме ки самти корашон чунин аст, чаро то замони бино шудани бозори додари раиси ноҳия, “Бозори Ашроф” , ин гурӯҳи кормандони гоҳҳо ба кофтан пайдо намекардем?
Акнун аз харидорон ҳам бештар онҳо даста-даста шуда меоянд, коре карда айб мемонанд ё камбудӣ меҷӯянд. Хуллас ҳадаф якто: Ҳар чӣ тезтар аз ин бозор ба бозори нав кӯч бастани тамоми соҳибкорони “Бозори марказӣ” аст. Бунёди роҳ ва дигар суханон ҳама баҳона ва роҳи тезонидани кор аст.
Бозор дар асл бозори “Тоҷикматлубот” буд. Бозори мазкур ба тамоми талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ аст, ана ин хулосаи хулосаи СЭС ва сӯхторхомӯшкунӣ (коғазҳоро ба мо нишон дода). ҶДММ “Хоҷа Тошпӯлод” ки аз 200 дӯкон иборат аст, дар ин нуқтаи савдо 90% занҳо кор мекунанд. Дар бозори мо асосан маҳсулоти ширӣ фурӯхта мешавад ва ғайр аз мо соҳибони фирмаҳои ширӣ низ сертификат оид ба ҷавобгӯй будани молу маҳсулотро доранд.
Барои бунёди ин бозор ва ба роҳ мондани савдо аз бонкҳои “Эсхата” (80 ҳазор доллар), “Арванд” (70 ҳазор доллар) ва “Имон интернешнл” (50 ҳазор доллар) қарздор ҳастем ва ҳар моҳ фоиз месупорам ба ин бонкҳо. Вале акнун “бозор ба генплан даромадагӣ” гӯён ҳамарӯза масъулини ҳукумат бо фармони бевоситаи бародари бозори нав-раиси ноҳия- Комил Салимзода ба ин ҷо меоянд. Минбаъда тақдири мо соҳибкорон ва дигар кормандони ин бозор чӣ мешуда бошад, ҷузъи Худову раиси ноҳия касе намедонад…
…Дар ҷустуҷӯи роҳбарони ҶДММ-ҳо будем, ки дар деҳқонбозор мисли шӯру ғалаёне барпо шуд. Чанд корманди ҳукумати ноҳия дар даст варақаҳо маҷбурӣ ба дасти соҳибкорон медоданд. Соҳибкоронеро, ки аз гирифтани варақа саркашӣ мекарданд, муқаррар ҷазое интизор буд, ки дар аввал дугумона мешуданд, вале лаҳзае пас гӯё ифтихорнома бошад, “бо хушнудӣ” қабул мекарданд.
Корманд ҳукумат, ки худро Муҳаммадҷон Гадоев муаррифӣ кард, кӯшиш кард зидди наворбардорӣ шавад. Вале мақсадамонро фаҳмонида, ба наворгирӣ шурӯъ кардем. Танҳо баъд аз ин сохтмончиён, ки то ин дам ба сару рӯи фурӯшандагон хоку чанг пошида, ба вайрон кардани бозор оғоз карда буданд, кори худро ба таъхир гузаштанд…
Бетарафию беғаразӣ қурбони хешутаборӣ шуд
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ аст ва давлат зиндагии шоистаи халқро кафолат медиҳад. Пас, магар ин аст тарзи корбарӣ? Раиси муҳтарами ноҳия, ки бародари роҳбари бозори нав аст, бояд барои тинҷию оромии соҳибкорон, фурӯшандагон ва ҳатто харидорону аробакашони бозор кӯшиш мекард, зеро ӯ ҳамчун роҳбар бародари ҳамаи сокинон аст. Дар натиҷаи таҳлил ва шунидани шикояти кормандони бозор, роҳбарони ҶДММ-ҳо ва аробакашҳою ошпазҳо ба натиҷае расидем, ки раиси ноҳия бо сафарбаркунии пайвастаи гурӯҳҳои корӣ ба “Бозори марказӣ” рисолати роҳбариро як сӯ гузошта, принсипҳои бетарафию беғаразиро пурра ба гӯшаи фаромӯшӣ бурдааст. Шояд, агар бозори нав аз они додари ӯ не, балки ягон бегона мешуд, иқдоми ба роҳи мошингард табдил додани бозор солҳои сол ба гӯшаи хаёли раиси ноҳия намеомад?
Чанд андешаи “нонхӯрон” – и бозор…
Салимбек Темурбеков, ки ба аробакашӣ машғул аст, мегӯяд:
-Беш аз 20 сол боз дар ин бозор аробакашӣ мекунам ва ризқу рӯзиямро аз ҳамин ҷо пайдо карда, оилаамро таъмин менамоям. Аммо вақтҳои охир ягон рӯз дар ин бозор тинҷию оромӣ нест. Фурӯшандаҳоро маҷбур доранд, ки ин ҷойро тарк кунанд. Акнун ин бозорро ба ҷои дигар кӯчониданӣ ҳастанд, ки шахсан барои ман тамоман ноқулай аст.
Муовини директори ҶДММ “Ботурбек”, Бобур Ҷӯрабоев чунин андеша дорад: — Умеди мо соҳибкорон ба қарори одилонаи Пешвои муаззами миллат аст. 12 рӯз пеш қарори раиси ноҳия оид ба бекор кардани сертификат оид ба фаъолияти соҳибкории соҳибкорони бозори мазкур баромад, ин ҳам дар ҳолест, ки сертификатҳои мо якумра буд. Замоне ки соҳиби сертификат шудем ва ҳамон шаҳодатномаро муҳру имзо карданд, чаро огоҳ накарданд, ки ин сертификати шумо то фалон солу сана аст. Чаро нагуфтанд, ки барои ободонии ин бозор сарфу харҷи барзиёд накунед, ки ин бозор ба раҳи ҳамвор табдил дода мешавад? Чаро дигар солҳо неву маҳз пас аз ба истифода дода шудани “Бозори додари раис” нақшаи кӯчонидани бозор ба Генплан дохил шуд? Магар дар ноҳия дигар кору роҳи ободкориҳо нест,ки ҷои ободро вайрон ва беш аз ҳазор соҳибкорро сарсон мекунанд? Магар барои хешутаборӣ шуда, оромии садҳо соҳибкорро халалдор кардан хилофи қарори Пешвои миллат оид ба дастгирии соҳибкорӣ нест?!
Аз ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, ки онро кормандони Ҳукумати ҷумҳурӣ мутолиа менамоянд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба доди мо – соҳибкорони ноҳия бирасанд ва хулосаи заруриро оид ба ин бозор бароранд.
Зумрат Муллоеваи 50-сола, ки беш аз 20 сол боз дар ин бозор ба савдо машғул аст, мегӯяд:
— 20 сол мешавад, ки дар ин бозор ба савдо машғулам. Дар оила ғайр аз 4 фарзанд боз 7 набераамро мехӯронаму мепӯшонам. Бистсолина ҷои кор ва манбаи зиндагии маро намедонам чаро бо ҳар баҳонаҳо мехоҳанд вайрон кунанд. Чаро пеш аз он, ки моро ба ин ҷо ҷалб кунанд ва сертификат диҳанд, огоҳ накарданд, ки ин ҷо муқимӣ не, соли 2017 бозорро вайрон ва шуморо сарсон мекунанд? Чаро як ҳафта боз дар рӯи мо ва маҳсулотамон, ки ҳар грамми онро ба ҳазор мушкилӣ ва гоҳҳо бо кредит ба савдо мегузорем, хоку чанг мекунанд? Магар намешуд, ки қаблан огоҳ кунанду баъд ба кор шурӯъ намояд? Ё намешуд, ки шабона баъди аз кор рафтани мо шурӯъ кунанд, то ба мо ва маҳсулоти мо зарар нарасад?…
Зимни арзи ин зан бо саросемагии том мудири бахши шаҳрсозӣ дар ноҳия Валӣ Набиев ҳозир шуд. Барои он ки дигар соҳибкорон ҳам лаб ба шикоят накушоянд, гӯё хатои худро иқрор шуда бошад афзуд:
-Чаро ин қадар шикоят карда истодаед? Ана, кори сохтмонро ба таъхир гузоштем-ку!…
Фарида Ортиқова-фурӯшандазане, ки дар бозори мазкур ба савдо машғул аст гуфт, ки 2 моҳ ба бозор нав рафта, ба савдо машғул шудааст, вале на танҳо ягон фоида ба даст наовард, балки зарар дид: “Моро маҷбур мекунанд, ки ба бозори нав рафта, савдои худро ба роҳ монед. Чӣ фарқ дорад ин ҷо ҳам бозор, он ҷо ҳам бозор…”Аммо аз замин то осмон фарқ ҳаст. Ҳам аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ, ҳам аз ҷиҳати шароит ва ҳам ташрифи харидорон. Думоҳина зараре, ки дар бозори нав дидам, дар 5-6 моҳ ҳам барқарор карда наметавонам. Сад фоиз бовар дорам, ки дигар ҳамкасбонам ҳам хоҳиши дар бозори нав кор карданро надоранд.
Зимни гузаронидани таҳлили худ ва шунидани арзу шикояти сершумори соҳибкорони бозори мазкур маълум гардид, ки ҳамаи онҳо як хоҳиш доранд: -Модоме ки ҳукумат ваъдаи то соли 2035 дар “Бозори марказӣ” иҷозати ба роҳ мондани савдоро ба ҳамаи соҳибкорон кафолат дода буд, ба ваъдааш содиқ истодани роҳбари ноҳияро талаб мекунем. Хоҳиш дорем, ки тинҷию оромии моро вайрон ва аҳли оилаамонро сарсон накунад. Дар тарозуи адл баркашад, ки чӣ қадар убол аст манфиати шахсии як нафарро гуфта, ашки чашми ҳазорон резад. Магар ин иқдоми раиси ноҳия хилофи гуфтаҳои Сарвари давлат, ки оид ба баланд бардоштани мавқеи зан сухан меронанд, нест?…
Дар сабтҳои овозӣ ва наворҳо, ки алъон дар даст дорем, занону модарон бо ашку нола аз Пешвои миллат илтимос доранд, ки баҳри таъмини амнияти тиҷорати онҳо, ки вақтҳои охир халалдор гардидааст, кӯмак намоянд.
Ба прокурори Суғд ҳам муроҷиат кардем…
Соҳибмулки ҶДММ “Нурмамат-Ота” Ашӯрмат Ҳоҷиматов гуфт, ки қарори ҳукумати Суғдро ғайриқонунӣ медонад ва бо дархости бекор намудани он ба прокуратураи Суғд расман муроҷиат кардааст. Ӯ гуфт, “Пешвои миллатамон мегӯянд, ки ҷойҳои корӣ созед, бемалол кор кунед, фақат шароити хуби корӣ фароҳам кунед. Аммо инҳо ба мо халал мерасонанд.”
Ба гуфтаи сокинони маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов, масълаи кӯч додани фурӯшандаҳои маводи ғизоӣ, орду ғалла ва сабзавоту мевафурӯшии “Бозори марказӣ” ба бозори нави “Ашраф” ҳанӯз соли 2013, баъди боз шудани бозори нав сар зада буд, ки билохира бар нафъи аввалӣ ҳал шуд. Вале фурӯшандагон мегӯянд, беҳтар мебуд, агар рақобати байни бозорҳо озодона сурат мегирифт ва ҳар тоҷир дар ҷои дилхоҳи худ кор мекард. Онҳо иҷборан роҳандозӣ шудани ин корро нақзи ҳуқуқ барои фаъолияти озодонаву бемамониат медонанд…
Ҳоло беш аз 1000 нафар соҳибкорони “Бозори марказӣ”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов мунтазири ҳалли тақдири худ мебошанд ва дар шумораҳои наздиктарини “Тоҷикистон” натиҷаи ин ҳалномаи “тақдирҷунбонҳо”-ро мутолиа хоҳед кард
Фарзона Муродӣ
Хуҷанд-Ҷаббор Расулов-Хуҷанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ