“Гули қоқу” дар фестивали байналмилалӣ сазовор дониста шуд

5-уми июни соли равон дар ҷамъбасти Фестивали байналмилалӣ ҳунарманди Театри Лӯхтаки шаҳри Душанбе Ҳотам Салимов дар номинатсияи “Беҳтарин кори ҳунарманд” барои нақши бобои Қоқу (дед Одуван) дар намоиши «Гули Кору» (Одуванчик) аз тарафи ҳакамон сазовор дониста шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, аз 31-уми май то 6-уми июни соли ҷорӣ Театри давлатии Лӯхтаки шаҳри Душанбе барои иштирок дар Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак “Перекрёсток”, ки дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия баргузор гашт, сафар намуда буд.

Ҳунармандони театр дар ин фестивал бо намоишномаи Маҳинбону Гасанова “Гули қоқу” (Одуванчик) дар таҳияи саркоргардони театр Мунира Зоирова баромад карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *