Гули сари сабад буд ӯ

Агар умр вафо мекард, 15-уми марти соли равон Камол Нуралиев, академики Академияи муҳандисии байналмилалӣ, собиқ муовини якуми вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Камол Нуралиев 75 — сола мешуд. 

Аммо бар асари як садамаи мудҳиш дар роҳи Норак  4 сол қабл ӯ аз олам даргузашт. Имрӯз  номи ӯро аз китобҳояш, хотироти дӯстон, ҳампешагон, шогирдон ва онҳое, ки ҳамнишин буданд, варақ мезанем.

Камол Нуралиев кист?

Камол Нуралиев хатмкардаи Институти политехникии Тоҷикистон (соли 1969) аст. Ихтисоси муҳандис – сохтмончӣ  ӯро ба ҷабҳаҳои мухталиф роҳсипор мегардонад. Ӯ дар вазифаҳои ассистенти кафедраи оҳану бетони Институти политехникӣ, устои сохтмон, меъмор, сармуҳандис, сардори идораи сохтмонӣ, сардори Трести «Данғараводстрой», муовини якуми вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ фаъолият намуд.

Мавсуф ҳамчун олим ва мутахассиси кордон дар конфронсу семинарҳои зиёди берун аз кишвар ширкат варзида, бо гузоришҳои муфассал Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст. Ҳамчунин, зимни сафарҳои  хизматӣ, аз ҷумла,  ба Австрия, Банғола, Германия, Шри-Ланка, Непал, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ, Россия, Эрон ва Афғонистон таҷрибаҳои пешқадам оид ба техникаю технологияи обёрӣ, обтозакунӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкуниро омӯхта, онҳоро дар Тоҷикистон татбиқ намуд.

Баъди ба нафақа баромадан, аз соли 2009 ба корҳои илмӣ — эҷодӣ идома дода, роҷеъ ба масъалаҳои обёрӣ, обтаъминкунӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ ду китоб таълиф намуда, соҳиби ду ихтироот гардид. Мақолаҳои илмӣ  оммавиаш дар рӯзномаю маҷаллаҳо ба табъ расиданд. Китоберо бо номи «Захираҳои оби Тоҷикистон: ташаббусҳо, вазъият ва дурнамо» дар ҳаммуаллифӣ бо Абдусамадов М., Латипов Р. Б.ба чоп расонидааст.

Камол Нуралиев соли 2017 дар як садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар роҳи Норак ба ҳалокат расид, вале ному неки ӯ дар хотираи мардум боқӣ монд.

Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, вакили парлумон:

-Онҳое, ки бо Камол Нуралиев ҳамнишин будаанд, аз ӯ инсони шариф ва хокиву ботавозӯъ ном мебаранд. Дар баробари ин,  ӯро мутахассиси ботаҷриба медонанд. Аз ман ҳамеша хоҳиш мекард, ки ӯро на Камол Нуралиевич, балки ака гӯям. Насиҳати  ӯ чунин буд: «Дар салом додан ҳамеша пешдаст бош. Баъзеҳо хаёл мекунанд, ки агар дигарон пеш аз онҳо салом диҳанд, ин барояшон бузургӣ аст. Ин иштибоҳ аст, зеро дар зоҳир набошад ҳам, дар ботин ин боиси хашму ғазаб мегардад”.

Панди дигарашон ин буд: «Он лаззате, ки афв дорад, интиқом надорад”. Мегуфтанд, ки марди ҳақиқӣ бо раҳо кардани ғазаб маргро аз худ дур мекунад. Ин маслиҳату насиҳатҳоро ман ҳамеша дар гӯш хоҳам дошт.

Вақте ки роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти илмию эҷодии  Камол Нуралиев ҳарф мезанем,  нақши ӯро дар рушди Академияи муҳандисии Тоҷикистон, ҳамчун узви раёсат махсус мехоҳам зикр кунам. Вай аз соли 2008 то охири умр дар пешрафти фаъолияти академия ва ҳалли масоили вобаста ба об ва муҳандисӣ корҳои назаррасро анҷом дод.

Мунъим Абдусамадов, академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон:

-Нексириштӣ ва ҳимматбаландии Камол Нуралиев намунаи олии инсони асил будани ӯст. Вай ташаббус нишон дода, ҳамсинфон, ҳамкурсон ва ёру дӯстонро сарҷамъ намуда, суҳбатҳои самимию хоса барпо мекард.

Амиршо Миралиев, ходими давлатӣ:

-Камол Нуралиев аз онҳое маҳсуб мешавад, ки ба сифати яке аз ҳамсафони содиқ аз рӯзҳои аввали давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри татбиқи сиёсати пешгирифтаи ин абармард ба қадри имкон саҳм гузошт. Номбурдаро аз овони наврасӣ мешиносам. Агар гӯям, ки шодравон Камол Нуралиев ҷонпайванди ман маҳсуб мешавад, муболиғаву тамаллуқ нахоҳад буд. Бо номбурда қаробати наздики хешутаборӣ ва хонаводагӣ дорем. Дар мактаби миёна якҷо таҳсил кардем, якҷоя ба камол расидем, дар вазифаи баланди давлатӣ кор кардем, ба ғаму шодии якдигар шарик ва доимо аз ҳоли ҳамдигар хабардор будем. Бо рафтанаш аз олам талафоти ҷуброннопазир додем.

Зиёданд онҳое, ки агар роҳнамоии Камол Нуралиев намебуд, ба мартабаҳои баланд намерасиданд. Ҷасорату садоқат ва ташаббускории Камол Нуралиев арзандаи ситоиш ва қобили мулоҳиза маҳсуб мешавад. Илова бар ин, хоксору шикастанафс буд, ба иззати нафси касе намерасид. Амалҳои зиштро ҳамеша маҳкум менамуд. Тақводор, боимон, меҳрубон буд, ба одамон маслиҳат медод, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят менамуд. Дар тарбияи фарзандон дақиқкору серталаб буду дар ин замина фарзандони солеҳу баномус ва ба миллату Меҳан содиқро ба воя расонд. Ба сифати яке аз наздикони Камол Нуралиев меболаму ифтихормандам, ки фарзандони ӯ давомдиҳандаи кори неки падари бузургвор буда, дар ҷомеа соҳибэҳтиром ва дар рушди мамлакат саҳмгузоранд.

Шариф Ҳамдампур,  сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон”:

-Наметавонам дар бораи ин инсони нотакрор, ки Камолоти Нур аст, чанд сухан нагӯям. Дар маҳфиле ҳузур доштам. Зиёд мардони фозил дар он ҷамъ омада буданд. Навбати сухан ба марде расид, ки ботамкин, дорои саловаташ хоси мардуми ориф буд. Даме, ки лаҷоми сухан ба дасташ расид, бо лутфи сухан маҳфилро шакаррез сохт. Базлагӯӣ мекард, сари ҳар сухан латифае аз зиндагӣ мегуфт, ки аз ханда даҳони ҳозирин мешукуфт. Баъди суханронӣ гули сари сабад буд. Ҳама ба ӯ рӯй меоварданд, ки қиссае, латифаи ширине аз зиндагӣ гӯяд. Ҳам фозил буду ҳам нуронию ширинсухан. Ҳозирин, билхоса Амиршо Миралиев, сари ҳар сухан ба ӯ рӯй меоварданд. Суҳбат то дер тӯл кашид. Ин аввалин шиносоии ман бо Камол Нуралиев буд, ки хотира аз ӯ дар хирмани  хотиротам боқӣ мондааст.

Аз китоби зиндагиномаи Нуралиев

 «Зиндагӣ ҳеҷ вақт ҷодаи ҳамвор буда наметавонад. Ҳар нафаре, ки ба дунё меояд, бояд чунон зиндагонӣ кунад, то аз худ номи нек, фарзандони солеҳ, хонаи обод ва ҳеҷ набошад, чанд дарахти мевадиҳанда ёдгор бимонад. Ман низ орзуи онро доштам, ки аз худ чизе боқӣ гузорам. Агар шоир ва нависанда мебудам, барои хонандагон девони шеър ё китобҳои хонданбоб боқӣ мемондам. Ё агар касби табибиро интихоб мекардам, дарди садҳо беморро шифо мебахшидам. Умуман, барои мардум дар ҳар касбу кор хизмат кардан мумкин аст…».

Усмон Раҳимзода, «Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *