Гумонбарони қатли Ҷайҳун боздошт шуданд
Сабабҳои куштори бераҳмонаи Аҳлиддин Маҳмадов ва се фарзанди ноболиғи ӯ норӯшан боқӣ мемонанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҷайҳун нахустин гумонбарон дар куштори 4 узви оилаи Маҳмадовҳо дар деҳаи Тарғокро дастгир кардаанд. “Ҳарчанд ангезаи куштор то ҳол маълум нест, вале бино ба маълумоте, ки аз як хешованди феълан дар хориҷи кишвар қарордоштаи ин хонавода ба даст расид, мақомот бо гумони даст доштан дар ин куштор се нафарро дастгир кардаанд”, –гуфта шудааст дар хабар.
Тафсилоти дигар, аз ҷумла шахсияти гумонбарон ва далелҳои мавриди шакку шубҳа қарор гирифтану дастгир шудани онҳо, ҳамчунин ангеза ва сабабҳои куштори бераҳмонаи Аҳлиддин Маҳмадов ва се фарзанди ноболиғи ӯ норӯшан боқӣ мемонанд. Мақомоти милиса ва додситонии ноҳияи Ҷайҳун, ки масъулияти таҳқиқи куштори субҳи 12 июн дар деҳаи Тарғокро бар дӯш доранд, то кунун дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни таҳқиқот ягон шарҳ намедиҳанд.
Субҳи шанбе, 12 июн дар деҳаи Тарғоки ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Аҳлиддин Маҳмадов, як сокини 39-солаи Тарғок, ки ба деҳқонӣ машғул буд, ҳамроҳи се фарзанди ноболиғаш кушта шуда, ҳамсари ӯ ва як духтараш тавонистаанд аз дасти қотилон фирор кунанд ва бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бистарӣ карда шудаанд.
Соли таваллуди фарзандони кушташудаи ин хонадон 2007, 2008 ва 2010 буда, ба гуфтаи сокинон ҳамаи онҳо аз қисмати сар бо табар ваё ашёи кунди монанд ба табар зарба хӯрдаанд.
То ҳол далели бо чунин бераҳмии хос куштани Аҳлиддин Маҳмадов фарзандони кӯчакаш, ки ҳамагӣ 11, 13 ва 14 сол доштанд, рӯшан нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ