Гумонбарони марги Элчибеков ба ҳабс гирифта шуданд
Мақомоти тафтишот ба хонаводаи Эҳсон Элчибеков – сарбози қисми низомии 06870 – и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар робита ба марги ӯ ду афсар ва як сарбоз дастгир шуда, феълан дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
Худоназар Элчибеков ва Таҷаммулшо Акобиршоев – ду ақрабои Эҳсон гуфтаанд, мулоқоти онҳо бо мақомоти тафтишот рӯзи 2 март дар Душанбе сурат гирифтааст.
Ба қавли онҳо, сарбози дастгиршуда бар асоси моддаҳои 373 ва 110 ва ду афсар бар асоси моддаи 391-и Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мешаванд. Онҳо гуфтанд, ҳоло комиссияи таҳқиқи марги Эҳсон Элчибеков кори худро ба поён набурдааст. Вале афзуданд, ин комиссия шомили афроди муҳим, аз ҷумла прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе буда, интизор доранд, ки мунсифона ҳал хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ