Гурбаи сиёҳ кӣ мехоҳад, ки муносибати Тоҷикистону Ӯзбекистонро боз тира созад?

 

15 апрел ду ҳодисае рух дод, ки дар муносибати байни Тоҷикистону Ӯзбекистон таъсиргузор аст.  Яке хубу дигаре бад. Биёед, аз бадаш сар кунем. Ду рӯз қабл дар марз-ҳудуди Тоҷикистон, дар ноҳияи Турсунзода, наздикии деҳаи  Шулум як сокини ӯзбектабори Тоҷикистон аз тири марзбонони ӯзбек кушта шуд. Сарҳадчиёни ҳамсоякишвар даъво доранд, ки кушташуда Аслиддин Шоимов ва бародараш Рӯзӣ, подабонҳои деҳаи Шулум  ба онҳо ҳуҷум карданд ва ва дуруст карданд, ки онҳоро парронданд. Яке захмӣ шуд, дигарӣ дар ҷои ҳодиса ҷон дод. Шояд ба хотири сафед кардани худ ё андешаи дигар, баъди аз  тарс фирор намудани дуюмӣ, сарҳадбонон ҷасади дуюмиро кашола карда, ба хоки Ӯзбекистон бурданд. Саволе пеш меояд, ки дапр ин лаҳза сарҳадбонони Тоҷикистон куҷо буданд, ки дар дохили марзашон тирпаронӣ сурат гирифту онҳо аз хоби гарон бедор нашуданд ва вокунише нишон надоданд. Ҳанӯз ба чунин амали мудҳиш даст задани марзбонони Ӯзбекистон ба чун ғори бетаг торик аст.

 

Ҳодисаи дигари таъсиргузор баъди чандин соли ҷудоӣ ташкил шудани як Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар Душанбе аст, ки дар он ҳам корхонаҳои ин кишвар ва ҳам тоҷирони алоҳида молҳояшонро ба намоиш гузоштанд. Дар ин намоишгоҳ мардум бо як шавқу завқи тамом аз дастовардҳои солҳои охири Ӯзбекистон огоҳ гардида, ба пешравиҳои ҳамсоякишвар мизҳори хушнудӣ карданд. Оғози парвозҳо тайёраҳо байни ду кишвари ҳамҷавор ва ташкили намоиши молҳо дар маркази “Пойтахт–90” аввалин болафшонии кабӯтарҳои сафед аст, умед ба селаи кабӯтарҳо табдил ёфтани онҳост. Аммо ин ҳама баъд. Ҳоло чӣ? Президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дасти дӯстӣ ба ҳам дароз карданд. Аммо то кадом андоза ин дастҳои ба ҳам фишурда мустаҳкаманд, вақт нишон медиҳад. Зеро он ҷое, ки дӯстист, душманон тухми адоват мепошанд. Аммо аз замин дамидани он аз ҳушёрии ин ду миллати ба ҳам дӯст вобаста аст.

Ин ду ҳодиса чӣ иртиботе бо ҳам доранд ё як амали тапсодуфист вақт нишон медиҳад. Аммо оғӯши муҳаббати мардуми Тоҷикистон барои мардуми Ӯзбекистон ҳамеша боз аст.

А.АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *