Гузариши бепули Фирмино ба “Барселона”

Бо эҳтимоли зиёд ҳамлавари бошгоҳи “Ливерпул” Роберто Фирмино ба дастаи “Барселона” мегузарад, вале ин гузариш бидуни пул анҷом меёбад.

Тобистони ҷорӣ Роберто Фирмино “Ливерпул”-ро тарк мекунад ва агар бо роҳбарияти бошгоҳи “Барселона” ба хулосаи аниқ омада тавонад, гузариш мекунад.

Гуфта мешавад, ки роҳбарияти “Барселона” Фирминоро бо шарте даъват мекунанд, ки ҳамчун футболбози эҳтиётӣ бошад. Яъне, ӯро дар ҳоли ҳозир наметавонанд ҳамчун футболбози ҳайати асосӣ қабул кунанд.

Агар ба ин шарти ба қавле мушкил футболбоз розӣ шавад, пас ӯро ҳаводорони футбол тобистони имсол дар “Барселона” мебинанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *