Хабари хуш! 2500 — солагии “Тахти сангин”- ро ЮНЕСКО тасдиқ намуд
Имрӯз, 12 ноябр 2500 — солагии «Тахти сангин»-ро ЮНЕСКО тасдиқ намуд. Дар ин бора ба Pressa.tj президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ аз шаҳри Париж хабар дод.
Аз 9-уми ноябр инҷониб як ҳайти бонуфуз аз Тоҷикистон — вазири корҳои хориҷӣ Сирҷиддин Муҳриддин, вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода ва прзиденти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ барои иштирок дар Конфронси Генералии Юнеско дар шаҳри Париж қарор доранд. Чанд рӯз пеш ҷониби Тоҷикистон дар ин конфронс баромад намуда, пешниҳод намуд, ки 2500 — солагии Тахти сангин”- ро ЮНЕСКО тасдиқ намояд.
«Тахти сангин» яке аз ёдгориҳои маъруфи таърихӣ дар Тоҷикистони мебошад, ки дар ноҳияи Қубодиёни имрӯза ҷойгир аст. Маконе, ки ба осорхонаи маъруфи Бритониё дар соли 1877 маъруфтарин «Хазинаи Амударё»-ро ато карда, яке аз намунаҳои барҷастаи фарҳанги қадимаи тамаддуни тоҷик дар соҳилҳои Ому ба ҳисоб меравад.
«Тахти сангин» дар 200-километрии ҷануби Душанбе дар нуқтаи ҳамроҳшавии обҳои Панҷу Вахш ҷой гирифтааст. Дар шимоли Афғонистон шаҳраки қадимае мавҷуд аст, ки аввалин асрори онро ҳанӯз дар охири қарни 19 кишоварзони маҳаллӣ кашф карда, вале тоҷирону донишмандони бритониёӣ ба он маъруфият ато карданд.
Дар ҳудуди харобаҳои шаҳркадаи мансуб ба асрҳои IV то мелод ва III мелодӣ, «Хазинаи Амударё» маҷмӯаи ҷавоҳироту сиккаву ашёҳои сохташуда аз тиллову нуқраи марбут ба даврони шоҳаншоҳии Ҳахоманишҳо ошкор шуд. Ҳоло ин хазина дар осорхонаи маъруфи Бритониё маҳфуз аст, вале «Тахти сангин» мунтазири тармиму бозсозӣ мебошад.
Тасдиқи 2500 –солагии “Тахти сангин” аз ҷониби ЮНЕСКО боз як иқдом дар роҳи шинохти миллати тоҷик мебошад. Як гӯшаи Тоҷикистон обод ва ҳазорон саёҳони ватанию хориҷӣ аз ин макон боздид хоҳанд намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ