Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Картошка арзон мешавад
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, воридоти гандум аз хориҷ, ки метавонист мушкил эҷод кунад, ҳал шуд ва пас аз чанд рӯз ҷамъоварии ҳосили картошка ва дигар маҳсулоти барвақтӣ шурӯъ мешавад, ки ба фаровонӣ ва арзонии бозор бе таъсир нахоҳад монд. Дар ин бора sputnik-tj.com хабар дод.
Дилшод Музаффарзода, муовини аввали раҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар суҳбат бо АМИТ “Ховар” гуфтааст, корхонаҳое, ки дар ҷумҳурӣ ба коркарди гандум машғуланд, талаботи сокинони мамлакатро бо орд пурра таъмин карда метавонанд.
Ба таъкиди ӯ, танҳо масъалае, ки метавонист дар ин самт мушкилӣ ба вуҷуд оварад, ин воридоти гандум аз хориҷи мамлакат буд, ки он ҳам бо талошҳои бевоситаи Президенти кишвар ҳалли худро пайдо намуд ва ҳоло соҳибкорони ватанӣ маҳсулоти заруриро бе монеа ворид месозанд.
“Бояд мардум иттилоъ дошта бошанд, ки дар давраи тирамоҳи соли гузашта кишти зироати барвақтӣ хубу барзиёд ба роҳ монда шуда буд ва ҳоло ҷамъоварии он оғоз ёфтааст. Аз ҷумла, ҷамъоварии пиёзи нав шурӯъ гардида, пас аз чанд рӯзи дигар ҷамъоварии ҳосили картошка ва дигар маҳсулоти барвақтӣ шурӯъ мешавад, ки ба фаровонӣ ва арзонии бозор бе таъсир нахоҳад монд”,-афзудааст манбаъ.
Ба гуфти Дилшод Музаффарзода, коронавирус, ки ба таври ногаҳонӣ хуруҷ карда, дар баробари дигар мушкилот ба муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии дунё зарбаи сахте расонид ва аз ин ҷост, ки қимати молу маҳсулот дар бозорҳои истеъмолии мо низ боло рафт ва ин хоси танҳо Тоҷикистон набуда, дар тамоми кишварҳо низ чунин вазъият ҳукмфармост.
Дилшод Музаффарзода дар робита ба воридоти имрӯзаи гандум аз хориҷи кишвар
гуфтааст: “хушбахтона, ҳоло ягон мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд надорад ва мардум бояд
осуда бошанд, зеро Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми имконияти худро барои бехатарии
иқтисодиёт ва таъмини амнияти озуқворӣ равона кардааст”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ