Хатари бемории ҷоғар ва роҳҳои халқии табобати он
Духтарчаи 15-солаам ба бемории ҷоғар гирифтор шудааст. Табиби эндокринолог дорую дармон фармуда, таъкид кард, ки ба ғизои фарзандам диққати ҷиддӣ диҳам ва нагузорам, ки барои ҳар майда-чӯйда асабонӣ шавад. Тариқи саҳифаи “Канзи шифо” мехоҳам аз табиби машҳури халқӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев барои рафъи бемории духтарам маслиҳат пурсам.
Замира, сокини шаҳри Душанбе
Посухи табиби номдор Садриддиншоҳ Насриддиншоев:
— Ҷоғар бемории вазнин аст. Гоҳо ба он хунукназарӣ мекунанд, ки оқибатҳои нохуш ба бор меорад. Гипертериози ғадуди сипаршакл, ки дар байни мардум бештар бо номи ҷоғар машҳур аст, боиси аз миқдори лозимӣ бештар ҳосил шудани ҳормони тироидӣ гашта, бар асари он кори системаи асаби марказӣ, системи уруқӣ-қаблӣ, мушакӣ ва дигар узвҳо вайрон мешавад. Банда ба шумо чанд тавсия пешниҳод мекунам.
1. Барои табобати ҷоғар бештар хӯрдани лиму, афселун ва овёс тавсия дода мешавад. Меваҳои ситрусӣ, махсусан афлесун ба ҷоғар фоидаи зиёде дорад. Шахсоне, ки ҷоғар доранд, бояд як дона лиму ва як дона афлесунро бо пўсташон аз мошини гӯштқиммакунак гузаронида, ба он як қошуқ асал илова намоянд ва онро як шабонарўз дар ҷойи торик нигоҳ доранд, то даво тайёр шавад. Рӯзе се маротиба пеш аз хӯрок аз ин даво як қошуқи чойхӯриашро бо оби гарм якҷоя карда, нӯши ҷон созанд, ба зудӣ беҳбудии комилро эҳсос менамоянд.
2. Чӯбчаҳои дарахти гелос ҳам сатҳи ҳормони тироидро дар хун хеле паст карда, ба табобати ин навъи ҷоғар мусоидат мекунанд. Метавонед чӯбчаҳои гелосро ҷӯшонида, обашро ба духтарчаатон диҳед.
3. Дар табобати ҷоғар хурмо низ нақши муассир дорад. Шахсоне, ки ба ин беморӣ гирифторанд, бояд дар як рӯз ақаллан 1 ё 2 дона хурмо хӯранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ