Хатлон: 2 ҳазор га замин бекор мехобад

Бо сабабҳои гуногун дар вилояти Хатлон наздик ба 2 ҳазор гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст. Дар баробари ин, бештар аз 13 ҳазор гектар замин дар ин вилоят дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор дорад.

Бетаваҷҷуҳии масъулин

Далер Турамуродзода, муовини раиси Кумитаи идораи замин дар вилояти Хатлон гуфт, ки ҳоло дар ҳудуди вилоят 1 ҳазору 966 гектар замини обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2020 майдони умуми чунин заминҳо ба 1 ҳазору 300 гектар баробар буд.

Ҳамсуҳбати мо сабабҳои асосии берун мондани заминҳои обиро аз кишт дар баланд будани оби зеризаминӣ, обёрӣ нашудан, ботлоқшавӣ, санглох, селоб зер кардан ва фурӯравии замин медонад. Ӯ мегӯяд, ки заминҳои обии бекормонда аз ҳама бештар дар ноҳияи Қубодиён мебошанд. Майдони заминҳои холимонда дар ин ноҳия бештар аз 625 гектарро ташкил мекардааст. “Дар ин заминҳо имкони кишт кардани ҳама гуна зироат ҳаст, аммо агар обёрӣ карда шаванд”,-афзуд вай.

“Вақте заҳбуру заҳкаш тоза карда намешаванд, оби зеризаминӣ баланд шуда, замин ба шӯршавӣ омада мерасад. Агар дар вақташ тоза кунанд, шӯршавии заминҳо аз байн рафта, фурӯравии заминҳо низ пешгирӣ карда мешавад”,- гуфт Далер Турамуродзода.

13 га замини ғайриқаноатбахш

Дар ҳамин ҳол, Олим Отабеков, муовини сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон дар суҳбат ба “Тоҷикистон” гуфт, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон замине нест, ки аз сабаби набудани об кишт карда нашавад.

— Аввалан, дар ҳудуди вилояти Хатлон 1 ҳазору 999 гектар замин не, балки 1 ҳазору 778 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст,- ба дурустии иттилои додаи худ таъкид кард Олим Отабеков. “Баъдан, гуфтаи масъулини Кумитаи идораи замин дар мавриди қисми зиёди заминҳо бо сабаби набудани об кишт карда намешаванд, дуруст нест”,- афзуд вай. Ҳамчунин, ӯ гуфт, ки мутаассифона, дар ҳудуди вилояти Хатлон 13 ҳазор гектар замин ғайриқаноатбахш аст.

Ӯ мегӯяд, ки ҳоло дар вилояти Хатлон аз сабабҳои шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ 217 га, аз кор баромадани шабакаҳои обрасонии дохили хоҷагӣ 600 га, дар натиҷаи селоб зер кардан 168 га, нагузаронидани корҳои мелиоративӣ 14 га, аз нав таъмир ва таҷдид намудани шабакаҳои обрасонии дохили хоҷагӣ 195 гектар кишт карда намешавад. “Аммо таъмири пойгоҳҳои обрасоние, ки дар дохили хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷойгиранд, ба дӯши ассотсиатсия ва хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад. Масъулияти онҳо ба дӯши Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон нест”,- таъкид кард вай.

“Мувофиқи маълумотномаи пешниҳодкардаи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Вахш, Дӯстӣ ва зерҳавзаи Кофарниҳони поён бо сабаби набудани оби полезӣ заминҳо аз гардиши кишоварзӣ берун намондаанд. Дар ягон маврид аз набудани об замин аз гардиши кишоварзӣ берун намемонад”,- қотеъона гуфт ин шахси масъул.

55 га ба коми дарё рафт

Тоҷиддин Назирзода, раиси Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Қубодиён гуфт, ки дар натиҷаи баланд шудани оби дарёи Кофарниҳону Вахш 55 гектар замини корами обӣ ба коми дарё рафтааст. “Барои пешгирӣ аз шустани соҳил аллакай корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дорад”,- таъкид кард вай. Дар посух ба суоли рӯзномаи “Тоҷикистон”, ки чаро бештар аз 625 гектар замин дар ноҳия кишт намешавад, чунин посух гуфт: “Барои обёрии як мавзеи калони ноҳия, ки ҳоло заминҳояш кишт намешаванд, камаш шаш насоси обкаширо таъмир бояд кард. Мувофиқи ҳисобу китоби масъулин, камаш 20 миллион сомонӣ лозим аст. Буҷети ноҳия барои як моҳ чор миллион сомонӣ мебошад, ки аз ин 2 миллиону 500 ҳазор субвенсия аст. Шояд бо ҳиссаи мақомоти маҳаллӣ ин насосҳо як умр таъмир карда нашаванд. Барои кишт нашудани замин бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ суҳбат кардем. Онҳо мегӯянд, ки ҳаққи истифои обро пардохт кардаем, вале об надорем. Об набошад, заминро кишт карда намешавад. Хулоса, мушкили асосӣ набудани об асту халос”,- таъкид кард вай.

Минтақаи асосии кишоварзӣ

Вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои калонтарин ва асосии истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар аст. Мутаассифона, майдони заминҳои обии аз гардиши кишоварзӣ берунмонда сол то сол дар ин минтақа зиёд мешаванд. Коршиносони соҳаи кишоварзӣ бар ин назаранд, ки танҳо бо тоза кардани заҳбуру заҳкаш ва обёрии саривақтӣ метавон ин мушкилиро бартараф кард. Вале дар бештари шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон заҳбуру заҳкашҳо солҳо боз тоза нашуда, пойгоҳҳои обкашӣ таъмир намешаванд.

Машраби АЛОВИДДИН,

Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *