ғарқшавӣ

Хатлон: 31 нафар ғарқ шуданд. Ҷасади се кас ҳанӯз пайдо нашудааст

Давоми соли равон дар вилояти Хатлон 31 нафар ғарқ шудаанд. Сабаби асосии ғарқшавии сокинон оббозӣ дар ҷойҳои номуайян, беназорат гузоштани ноболиғон ва набудани ҳавзҳои оббозӣ мебошад.

Муродҷон Муҳидинов, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар шаш моҳи соли 2023 дар маҷмуъ 31 сокин ғарқ шудаанд. Ӯ мегӯяд, ки ғарқшавӣ нисбати соли гузашта ду ҳолат кам мебошад.

“Дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ёвон ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дунафарӣ ва дар боқимонда шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон якнафарӣ ғарқ шудаанд. Сабаби асосии ғарқшавии шаҳрвандон — ин беназоратии падару модарон, надонистани қоидаҳои шиноварӣ ва набудани ҳавзҳои махсус барои оббозӣ аст”,- афзуд ӯ.

Муродҷон Муҳиддинов гуфт, ки мутаассифона, аз 31 нафаре, ки ғарқ шудааанд, ҳанӯз 3 нафари онҳоро пайдо накардаанд. Ӯ таъкид кард, ки аз 31 нафар 17 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *