Хатлон 33 корхонаи аз фаъолият бозмонда дорад
Дар соли 2022 дар вилояти Хатлон 106 корхонаи гуногуни истеҳсолӣ сохта ба истифода дода шудааст. Мутаассифона, дар ин баробар 33 корхонаи дигари аз фаъолият бозмонда мавҷуд аст.
Қурбон Ҳакимзода — сардори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ гуфт, 33 корхона бештар аз ду сол аст, ки фаъолият намекунанд. Ӯ афзуд, корхонае, ки муддати ду сол фаъолият накунад, фаъолияташ бозмонда ҳисоб мешавад.
— Бо сабаби бозмонда будани фаъолияти 33 корхона дар вилояти Хатлон 731 нафар ҷойи кории хешро аз даст додаанд,- мегӯяд вай.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ