Хатлон: Беш аз 177 000 хонанда ба истироҳат мераванд

Мувофиқи нақша имсол 177 ҳазору 650 хонанда аз муассисаҳои таълимӣ ва томактабии вилояти Хатлон ба лагерҳои тобистона фаро гирифта мешаванд. Фарогирии кӯдакон ба истироҳат назар ба соли гузашта бештар будааст.

Мутахассиси Раёсати маорифи вилояти Хатлон Давлат Сафар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки сафарбаркунии хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ба истироҳатгоҳҳо аз 15-уми июни соли ҷорӣ шуруъ мешавад. Ӯ мегӯяд, ки соли гузашта 174 ҳазору 650 хонанда ба истироҳат фаро гирифта шуда буданд. “Имсол се ҳазор хонанда зиёд шудааст”,- афзуд вай.

Ба таъкиди вай, қисме аз хонандагони муассисаи таълимӣ ва томактабӣ ба истироҳатгоҳҳои кӯдаконаи вилояти Суғд, ноҳияи Варзоб ва дараи Ромити шаҳри Ваҳдат бурда хоҳанд шуд.

“Қисми дигар ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Муъминобод ва Фархори вилояти Хатлон сафарбар мешаванд. Ҳоло дар назди муассисаҳои таълимӣ қисме аз хонандагони синфҳои поёнӣ ба лагерҳои фароғатӣ-таълимӣ ҷалб шудаанд. Мақсади асосӣ — ин пеш аз ҳама баланд бардоштани савияи дониши онҳо ва коҳиш додани шумораи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон аст. Ҳамчунин, ба онҳо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ ва англисӣ омӯзонида мешавад”,- мегӯяд ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *