Хатлон: Гиромидошти Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ

Дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Бохтар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 77-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз маросими гулгузорӣ дар назди муҷассамаи «Аскари номаълум» оғоз гардид.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон гуфт, ки ғалабаи бузург бар фашизм дар натиҷаи муборизаи дастҷамъонаи мардуми собиқ шӯравӣ ва кишварҳои гуногун ба даст омадааст ва намунаи муборизаи озодихоҳонаи халқу миллатҳои мухталиф мебошад.

Ӯ афзуд, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд. “Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазори онҳо дар майдонҳои ҷанг ҳалок шудаанд, ки номи нек ва корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст”,- таъкид кард вай.

Бино ба маълумоти шуъбаи иттилоотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шумораи умумии собиқадорони ҷангу меҳнат 158 ҳазору 154 нафар буда, аз ин теъдод собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 17 нафар, оилаҳои бесаробонмондаи онҳо 10 нафар ва ақибгоҳ 66 нафар боқӣ мондаанд.

Аз Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки “аз буҷети вилоят дар умум барои қадр кардани иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 42 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо шудааст. Ин кумакпулӣ аз буҷети вилояти Хатлон буд. Боз дар шаҳру ноҳияҳо алоҳида кумак карданд. Бо қарори раиси вилояти Хатлон аз буҷети вилоят 42 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо шудааст. Барои ҳар як нафар 2 ҳазору 500 сомонӣ кумак карда шуд”.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *