Хатлон: коҳишёбии содиршавии ҷиноят миёни ҷавонон
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ, дар ҳудуди вилотяи Хатлон аз ҷониби 887 ҷавон 631 ҷиноят ба содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 277 ҳолат кам мебошад.
Фариза Абдуллозода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон имрӯз, 15-июл зимни нишати матбуотӣ гуфт, дар шаш моҳи соли 2021-ум 631 содиршавии ҷиноят бо иштироки ҷавонон ба қайд гирифта шудааст. Ӯ мегӯяд, аз 887 ҷавоне, ки даст ба ҷиноят задаанд 755 нафарашро ҷавонони бекор ташкил мекунанд. Агар содиршавии ҷиноят аз ҷониби ҷавонон дар умум дар вилоят коҳиш ёфта бошад, мутаассифона, дар ноҳияҳои Кӯшониён, Тумурмали, Фархор, Восеъ, Балҷувон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Ёвон баръак афзоиш ёфтааст,-таъкид кард вай.
Ӯ илова кард, ки давоми сол 28 нафар ҷавонон даст ба худкушӣ задаанд. Яке аз сабабҳои асосии даст ба худкушӣ задани ҷавонон ин хушунати оилавӣ будааст.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ