хатсайр

Хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбе ва Чимкент

Қазоқистон реҷаи «осмони боз»-ро барои 5 сол тамдид кард. Дар он ҷо хатсайрҳои нави байналмилалӣ ба роҳ монда мешаванд. 

Дар давраи баҳор — тобистони навигатсионӣ аз Остона ба Давҳа, аз Оқтой ва Чимкент ба Анқара, аз Алмаато ва Оқтой ба Мадина, аз Остона ба Боку ва аз Чимкент ба Душанбе парвозҳо роҳандозӣ мешаванд.

Дар ин бора Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ» иттилоъ додааст. Ҳоло ҳавопаймоҳои Тоҷикистон пайваста ба Русия, Чин, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвоз мекунанд. Қарор аст парвозҳои мунтазам бо Озарбойҷон, Гурҷистон ва Олмон низ ба роҳ мона шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *