Хатти сурх. Ба доруфурӯшон Рамазону Цурбон омаду Аҳмадзода захмиёнро аз майдон мебарорад
…Ҷанг бо душмани ноаён идома дорад. Ҷанге, ки мисли дигар набардҳо кушташудагону захмиёни худро дорост. Касе бахташ омад кард, аз ин набард ғолиб мебарояд, аммо онҳое, ки умрашон кутоҳтар буд, дар он кушта мешаванд. Аммо захмиён ҳам кам нестанд. Онҳо кистанд?
Қабл аз ҳама, дар набард ба муқобили ин душмани инсоният, ки КОВИД-19 ном гирифтааст, онҳое захмӣ мешаванд, ки дар қатори аввали мубориза қарор доранду ягона яроқашон сӯзандору ва ҳабҳои аз зар ҳам қимматтар. Дар ҷанг бо душмани рӯ ба рӯ, агар снаряд ё тир тамом шавад ва онро сари вақт нарасонанд, даст боло карда таслим мешаванд. Дар ин ҷанг бо коронавирус бошад, духтурон беморонашонро аз даст медиҳанд ва худ захмӣ мешаванд. На танҳо захмии қалб, балки онҳо низ гирифтори ин беморӣ мегарданду аз табиб ба бемор табдил меёбанд…Онҳоро кӣ бояд аз майдони ҷанг барораду тадовӣ кунад? Албатта, онҳое, ки ба вай супориш додаанд, ки беморонро табобат кунад. Яъне Ҳукумат! Аммо имрӯз ин чизро мо камтар мебинем. Шукр, ки пас навиштан сари ин мавзӯъ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ташаббус нишон дода, қарор кард, ба духтуроне, ки дар “хатти сурх” қарор доранд, аз ҳисоби фонди вилоят як моҳонагӣ ёрдампулӣ дода шавад. Ҳарчанд ин заҳмати онҳоеро, ки дар “майдони миназоркардашуда” қарор доранд, ҷуброн карда наметавонад, аммо шукр бояд кард ва Худо кунад, ки чунин иқдомро дигар сарварони минтақаҳо низ дастгирӣ кунанд…
Масъалаи дигаре, ки ин шабу рӯз доғ аст, дастрас намудани доруҳои зиддиковидӣ мебошад ва дар таҷриба дидем, ки масалан, “гепарин” (доруе, ки хунро лахта шудан намемонад) дар як дорухона 50 сомонӣ ва дар дорухонаи дигар то 90 сомонӣ мефурӯшанд. Агар нархи маҳсулоти хӯроквории бозорҳои моро Рамазону Қурбон бардорад, нархи доруро барои тоҷирони давоҳо коронавирус бардошт,ки ҳатто қиммати оддитарин ҳабб (таблетка)-и зиддиҳарорат се — чор баробар боло рафт. Инро кӣ бояд назорат кунад ва оё имкон надорад, ки дар давраи ҳуҷуми ин бало нарх ва тақсимоти доруи зарурӣ аз як марказ идора шавад? Ин савол ба масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ аст. Ҳамчунин, бояд масъулон дар ин давраи душвор сари ташхисҳои гароннарх низ фикр кунанд ва лаҷоми онҳоеро, ки “ташхисгоҳи мо шахсист” мегӯянд, андаке кашида монанд. Вагарна, на ҳар кас ҷуръати ба он ҷо рафтан дорад ва ташхиси худро худаш аз забони зани ҳамсоя мешунавад.
“Табиби оилавӣ”… Вақте ки чанд сол пеш ин вожа ба забони мо роҳ ёфт, гумон доштем, воқеан ҳам духтуру ҳамшираҳое, ки чунин ном гирифтанд, ҳамдарду муниси ҳар оила мегарданд. Мутаассифона, чунин нест, зеро онҳо дар ин давраи мушкил ҷисман наметавонанд, ки аз ҳоли ҳамаи беморони гирифтори вирус, ки дар хонаҳояшон табобат мегиранд, огоҳ бошанд. Пас, бояд сафи онҳо афзоиш ёбад ва ё роҳи дигаре пайдо кард, ки оила бе табиб намонад. Ҳоло хушбахт касест, ки ягон узви оилааш табиб ё ҳамшираи шафқат аст…Гузашта аз ин, хушбахт касест, ки пул дорад ва ё “VIP –бемор” аст. Онҳо духтурони дар табобати коронавирус аллакай таҷрибаноку номдорро (хушбахтона, мо чунин духтурон ҳам дорем) бо маблағи муайян киро карда, барои табобати наздиконашон истифода мебаранд ва шонси онҳоро барои зуд табобат ёфтан афзоиш медиҳанд. Ин духтурон (агар аз шикастани ҷоғашон натарсанд) бо майли тамом чунин беморонро кӯшиши ба по хезондан мекунанд. Аммо мебинем, ки баъзан аз дасти беҳтарин духтурон ҳам коре намеояд, вале нафари оддие, ки ҷои хобаш истгоҳ аст, бо нӯшидани оби ҷӯш сиҳат мешавад. Пас бояд танҳо ба умеди Худо шуд? Мардум дар чунин мавридҳо мегӯянд: “Ба умеди Худо ҳам шав, аммо буттаро маҳкам дор!” Имрӯз мубориза ба муқобили ин душман танҳо аз чанд чиз вобаста аст: муттаҳидии мардум бо риояи қоидаҳои бехатарии худу наздикон, масъулияту инсондӯстии кормандони тиб, инсофи тоҷирон ва тасмими саривақтии роҳбарон дар мавридҳои зарурӣ…
А. АҲМАДЗОДА,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ