Хет-трики Бензема “Реал”-ро пирӯз кард

“Реал Мадрид” дар чемпионати Испания оид ба футбол ба дарвозаи “Валладолид” шаш гол зад, Бензема хет-трик кард.

“Реал Мадрид” дар бозии даври 27-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Испания бар тими “Валладолид” пирӯз шуд.

Вохӯрӣ дар Мадрид бо ҳисоби 6:0 анҷом ёфт. Хет-трик аз ҷониби Карим Бензема (дақиқаҳои 29, 32, 36) ба самар расид. Инчунин Родриго (22), Марко Асенсио (73) ва Лукас Васкес (90+1) низ гол заданд.

«Реал Мадрид» бо 59 имтиёз дар Ла Лига дуюм аст. Бошгоҳи Мадрид аз “Барселона” 12 имтиёз қафо мондааст. Тими “Валладолид” (28) дар хати 16-ум ҷойгир шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *