Хилофкорони ноболиғ дастгир шуданд
Чуноне аз хабарҳои ВКД бармеояд ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат марди 60-солаи соҳибкор, сокини ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки 21-уми майи соли 2017, тахминан соати 10:00-дақиқа шахсони номаълум вориди дӯкони савдояш шуда, бо мақсади тасарруфи пулу мол ва бо таҳдиди корди дар дасташон буда, ҳамёнашро, ки дар дохилаш 30 ҳазор сомонӣ доштааст, хостаанд тасарруф намоянд. Аммо бо сабабҳои номаълум аз фикрашон гашта, ягон чизро нагирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустӯҷӯӣ кормандони милитсия гумонбарони ҳодисаи мазкур чор нафар ҷавони 16, 17, 19, ва 21-солаи сокинони шаҳри Ваҳдатро дастгир намуданд. Далели шайъӣ корд гирифта шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ