Михаил Галузин

Хитоби Маскав ба кишварҳои Осиёи Марказӣ: Аз фитнаҳои Ғарб ҳазар кунед!

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ки Маскав аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақозо мекунад, то дар роҳандозии муносибатҳо бо Ғарб ҳадди аксар эҳтиёткор бошанд.

Дар мусоҳиба бо хабаргузории “ТАСС” Михаил Галузин гуфт: “Мо бо дӯстони Осиёи Марказии худ дар ёд дорем, ки ҳузури Амрико дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон чӣ гуна поён ёфт. Масалан, мушкилоти Афғонистон чӣ хел анҷом ёфт? Ба ҷуз бесарусомонӣ ва харобӣ чизе наовард».

Вай тавзеҳ дод: “Дар ҷаҳони имрӯзаи бисёрқутбӣ барои таҷрибаҳои демократикунонии Вашингтон, ки бо инқилобҳои ранга анҷом меёбанд, ҷой нест. Дар ин вазъ мо аз шарикони Осиёи Марказӣ хоҳиш мекунем, ки дар эҷоди муносибатҳо бо кишварҳои ғарбӣ то ҳадди имкон эҳтиёткор бошанд”.

— Мо итминон дорем, ки суботу амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ пеш аз ҳама масъулияти кишварҳои мост, на аз ҷониби фаъолони ғарбӣ, ки ҳадафҳои шубҳанокро ба дунбол доранд,- гуфт Галузин.

Қаблан Сергей Лавров — вазири корҳои хориҷии Русия низ дар бораи он, ки Ғарб талош дорад кишварҳои Осиёи Марказиро маҷбур созад, то муносибатҳоро бо Русия қатъ кунанд, изҳор дошта буд. Ин мансабдори рус иброз дошт: “Дар робита ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамкорони ғарбии мо солҳо боз талош доранд дар он ҷо созмонҳои ғайридавлатии тарафдори Амрикову Аврупо ва НАТО таъсис диҳанд. Ғарб ба ин воситаҳо «қудрати нарм» мехоҳад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *