Ҳамроҳ Тоҳирова, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд даргузашт

Ҳамроҳ Тоҳирова, аз аввалин бонувони шаҳри Хуҷанд, ки соли 1974 ба муносибати 50-солагиаш ба унвони Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд шарафёб гардидааст, аз олам даргузашт.

Пайвандонаш мегӯянд, ки Ҳамроҳ Тоҳирова аз ҳеҷ беморие ранҷ намебурд ва то охирин нафас шоду болидахотир буд.

Маъмури Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд дар бораи марги Ҳамроҳ Тоҳирова хабар дода, гуфтааст, ки субҳи имрўз маросими видоъ бо Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ- Ҳамроҳ Тоҳироваи 98 сола дар манзили истиқоматиаш бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, хешовандон ва пайвандону шогирдон, аҳли маҳалла баргузор гардид.

“Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, арзи тасаллияти Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли хонаводаи Ҳамроҳ Тоҳирова расонида, аз ҷумла қайд кард, ки мавсуф яке аз бонувони фидокор, заҳматпеша, сиёсатмадор, қаҳрамонмодар буданд, ки то дами вопасини умр ҳамеша дар роҳи пешрафт, рушду тараққиёти Ватани маҳбубамон дуои нек менамуданд. Ҳамеша аз хидматҳои беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу Ваҳдати мардум ҳарф мезаданд.

Дар маросими видоъ Муҳиддин Қодиров, пайванди Ҳамроҳ Тоҳирова ва Раиси Шўрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода низ аз амалҳои нек, созанда ва мондагори Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ- Ҳамроҳ Тоҳироваи ёдоварӣ намуданд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ҳамроҳ Тоҳирова 8 марти соли 1923 таваллуд шудааст. Ӯ солҳои зиёд минҳайси роҳбар дар Коргоҳи шоҳибофии (Шеелкокомбинат) Хуҷанд кор карда, ба ин васила дар рушди иқтисоди шаҳр саҳми босазо гузоштааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.