Аловуддин Абдуллоев cабаби марги бародарашро шарҳ дод

Сафаралӣ Абдуллоев, бародари ҳунарманди театр ва синамои тоҷик Аловуддин Абдуллоев дар синни 59-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ дар Агентии давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Тоҷикистон фаъолият мекард.

Ҷанозаи Сафаралӣ Абдуллоев 29 июн, соати 11 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва ӯро дар шаҳри Бохтар ба хок супориданд.

Аловуддин Абдуллоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар суҳбат бо Pressa.tj  сабаби марги бародарашро дар бемории фишорбаландӣ унвон кард. “Бародарам вақтҳои охир аз бемории фишорбаландӣ ва қалб шикоят мекарданд. Дар дами вопасин ҳама дар паҳлӯшон будем. Худо раҳмат кунад, бародари хеле меҳрубон буданд. Соҳиби 6 фарзанд – 4 писару ду духтар ҳастанд. Ба ҷуз Орзу, ки ҳоло синфи 11-ум мехонад, дигар ҳамаашон соҳибмаълумотанд”,-гуфт Абдуллоев.

Ҳамчунин, ҳамкорон аз Сафаралӣ Абдуллоев  инсони бофарҳангу суҳбаторо, пурмуҳаббату самимӣ ном мебаранд. Аз ҷумла, Дилоро Юсупова, ҳамкори Абдуллоев марҳумро чун инсони нексиришту ором ва сарсупурдаи диёраш тавсиф кардааст.

Сафаралӣ Абдулоев 8-уми августи соли ҷорӣ бояд ба синни 60 қадам мегузошт ва ҳамагӣ қариб як моҳ то зодрӯзаш вафот кард.

Аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj  ба Аловуддин Абдуллоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва узви ҳайати мушовараи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бинобар даргузашти БАРОДАРАШ изҳори ҳамдардӣ баён намуда, ба пайвандону наздикони марҳум сабри ҷамил мехоҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *