Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Даргузашти хоҳари Президент Эмомалӣ Раҳмон

Қурбонгул Раҳмонова, хоҳари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шоми 20-уми июл дар бемористони ҳукуматӣ, маъруф ба “Медгородок”-и шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Як манбаъ дар миёни пизишкон ба “Озодӣ” сабаби марги Қурбонгул Раҳмоноваро ба гирифторияш ба бемории коронавирус рабт додааст. Мақомоти расмӣ дар ин бора чизе нагуфтанд, аммо чанд манбаъ дар Душанбеву Данғара хабарро тасдиқ карданд. “Беморияш тасдиқ шуда буд. Даҳ рӯз дар шифохона хобид”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Қурбонгул Раҳмонова ҳамсари Холмӯъмин Сафаров, раиси собиқи корхонаи давлатии “Хоҷагии ҷангал ва шикор” буд, ки соли 2012 дар маҳаллаи “Автовокзал”-и Душанбе кушта шуд.

Маросими дафни Раҳмонова 21-уми июл дар деҳаи Маликоваи ноҳияи Данғара баргузор хоҳад шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.