Даргузашти модари Асадулло Раҳмон

Модари Асадулло Раҳмон, Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масоили кадрӣ аз олам даргузашт.  

Дар ин бора дӯстони Асадулло Раҳмон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар додаанд.

Момаи Гулистон, модари хонаводаи Раҳмоновҳо, ки тайи соли охир дар бистари маризӣ будааст, дар синни 81-солагӣ дунёро падрӯд гуфт. Маросими ҷанозаи модар дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара шоми 2 июн баргузор шуд.

Рӯзноманигор Азиз Азиззода бо нашри аксҳои охир аз аёдати Момаи Гулистон изҳор доштааст, ки ин модар сарфи назар аз мушкилот фарзандонашро донишманду баномус тарбият кардааст. Ӯ афзуд, Момаи Гулистон талош мекард, мушкили ҳар корафтодаеро ҳал кунаду ҳеч одати худнамоӣ аз мақоми фарзандаш надошт. Ормонҳои қалби Момаи Гулистон бо бузургу донишманд гардидани ягона писару шаҳболи умеду ҳавасҳояш Асадулло Раҳмон амалӣ шуд ва он ҳама дуову хостаҳои яздониаш мустаҷоб гардид, навиштааст Азиззода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *