Духтаре бо қасди худкушӣ худро ба дарёи Душанбе партофт (видео)

Аз болои пули назди бинои “Шарқи озод” духтаре ба ҷони худ қасд карда, худро ба дарёи Душанбе партофт. Хабарнигорони сомонаи Рressa.tj  фавран  ба ҷойи ҳодиса расиданд. Ин ҳодиса имрӯз, 23 ноябр тақрибан соати 10:15 сар зад.

Вақте ки журналистони Рressa.tj ба ҷойи ҳодиса омаданд, анбӯҳи зиёди одамон ҷамъ омада, духтарро аз дохили дарё берун бароварда буданд. 

Тавре ба хабарнигорони Рressa.tj маълум гардид, ҳодисаро аввалин шуда, кормандони БДА-и шаҳри Душанбе Алишер Ҷалолов ва Файзулло Раҳимов, ки дар роҳи асосӣ вазифаи хизматиашонро иҷро мекарданд, дидаанд. Баъдан, тавассути “ратсия” ин ҳодисаро ба мақомоти дахлдор  хабар медиҳанд. 

Аммо то омадани кормандони мақомоти милитсия  Сафаралӣ Ғоибов, сокини шаҳри Душанбе, ки манзилаш дар наздикии тарабхонаи “Форель” ҷойгир аст, ногаҳон  доду фиғони мардумро мешунавад. Ва мебинад, ки духтаре худро ба дарё партофт.  Ӯ  аз болои девори хонааш ҷаҳида, худро ба дарё партофта ва духтарро аз дохили дарё то лаби соҳил меорад. Сипас, чанд каси дигар барои кӯмак ба соҳил расида, духтарро аз об берун мебароранд.

Сафараралӣ Ғоибов  ин ҳодисаро ба  Рressa.tj чунин нақл кард:

-Дар ҳавлӣ будам, якбора фиғони баланди мардум ба гӯшам расид, ки худро ба дарё касе партофт, наҷот диҳед. Ин вақт ба ҳеҷ куҷо нигоҳ накарда, аз болои девори ҳавлӣ парида, дохили дарё шудам. Духтарро бо азоб кашола карда, то соҳил расондам. Баъд чанд каси дигар кӯмак карданд ва духтарро то назди тарабхонаи “Форель” расондем. Ман фақат бо ин амалам қарзи шаҳрвандиамро иҷро кардам”.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки вақте духтар худро аз болои пул мепартофт,  як шахси наздик ба ӯ аз пасаш давида истода буд. Баъдан маълум шуд, ки ин мард падараш будааст, ки барои пешгирӣ аз худкушии духтараш аз пасаш омада будааст.

Файзулло Раҳимов, нозири БДА-и шаҳри Душанбе ин ҳодисаро ба Рressa.tj  чунин баён дошт: 

-Мо аз ин тарафи роҳ истода будем. Давидани падарашро дидем ва дидем, ки чӣ гуна ногоҳ духтар худро аз болои пул ба об партофт. Агар наздиктар мебудем, пеши роҳашро мегирифтем. Баъдан, фавран тариқи “ратсия” ба мақомоти милитсия ва “Ёрии таъҷилӣ” хабар расондем”.

 Чун мо дар ҷойи ҳодиса ҳузур доштем, аллакай кормандони милитсия омада буданд. Баъд аз ёрии аввалия, мошини “Ёрии таъҷилӣ” расида омад. 

Сомонаи Рressa.tj шахсияти духтарро маълум кардааст, аммо бинобар халал нарасидан ба рафти тафтишот аз овардани номи ӯ худдорӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *