Харобиҳои офати табиӣ дар Абдураҳмони Ҷомӣ

Имрӯз, 8-уми май дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ярч дастикам 15 хонаро пурра вайрон кардааст. Ҳамчунин, аз офати табиӣ як пул, роҳи мошингард ва заминҳои кишт зарар дидаанд.  

 Муродҷон Муҳиддинов, корманди Раёсати ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар суҳбати телефонӣ гуфт, ярч асосан ба заминҳои кишт, роҳу пули мошингард ва хонаҳои сокинон зарар овардааст. 15 хонаи сокинон пурра вайрон шуда, зери лою гил монданд,-афзуд вай.

Ӯ таъкид кард, ки Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини сарвазири кишвар, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ва масъулини кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.

Аммо як манбаъ аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфт, сабаби асосии омадани ярч боронҳои чанд рӯзи охир аст. “Се рӯз пеш борони сахт буд. Имрӯз ярч омад ва каму беш 20 хонаро вайрон кард”.  

 Ярч асосан ба заминҳои кишт, роҳу пули мошингузар ва хонаи сокинон дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ифтихор зиён расонидааст. Хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *