Кортежи Ҷабборов ба садама дучор шуд, корманди КДАМ ҳалок гардид

Рӯзи 4 июн корвони мошинҳои президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар наздикии деҳаи Ананевои ноҳияи Иссиқкӯли вилояти Иссиқкӯл дучори садама шудааст.
Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон, президент Ҷабборов ва мошине, ки ӯ дар он менишаст, осеб надидаанд. Ба яке мошинҳои дигари кортежи президент мошини сабукраве, ки ба самти муқобили роҳ баромад, бархӯрдааст.
Дар натиҷаи садама як афсари раёсати 9-уми КДАМ Қирғизистон ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ронандаи сабукрав дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.
Рӯзи 4 июн ин алакай дуюмин садамаи роҳбарони аввали Қирғизистон аст. Қаблан дар вилояти Ӯш чархболи ҳарбии МИ-8, ки раиси КДАМ Қамчибек Тошиевро дар сафараш ба як ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекард, чаппа шуд ва даргирифт. Дар натиҷа 4 нафар ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.
Тошиев барои музокирот бо раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов ба ноҳияи Чон –Олойи вилояти Ӯш мерафт. Шаби 4 июн марзбонҳои тоҷик дар ағбаи Шаттӣ дар марзи ноҳияи Лахш бо вилояти Ӯш дидбонгоҳ гузоштанд, ки эътирози ҷониби Қирғизистонро ба бор овард ва вазорати хориҷаи Қирғизистон ба сафири Тоҷикистон дар Бишкек нота супурд. Душанбе дар посух сафири Қирғизистонро ба ҳузур хонда, ба ӯ нотаи эътирозӣ супурд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *