Модари Афзалшоҳи Шодӣ аз олам даргузашт

Моҳбону Раҳмонова, модари сарояндаи маъруфи кишвар Афзалшоҳи  Шодӣ  субҳи 6-уми июли соли равон аз олам даргузашт.

Саидҷон Шодиев, фарзанди марҳум дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, ки модараш 82 сол дошта, як ҳафтаи охир бемор буд.

Ӯ гуфт, ки ҷаноза  имрӯз, соати 14-00, дар деҳаи Ғӯсари ҷамоати Лоиқ Шералӣ, шаҳри Панҷакент баргузор мегардад.

Аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj  ба Афзалшоҳи Шодӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон бинобар даргузашти МОДАРАШ изҳори ҳамдардӣ баён намуда, ба пайвандону наздикони марҳум сабри ҷамил мехоҳанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.