Ноболиғон ҷавони 25 соларо корд заданд

Ду ноболиғи 16 ва 17 сола аз ҳиссиёти авбоши ба як ҷавони 25 сола ҷанҷол намуда ӯро бо корд захми намудаанд, хабар медиҳад ВКД.

Бино ба иттило манбаъ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ариза ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор муроҷиат намудааст, ки санаи 2-юми марти соли 2020, ҳангоми дар кӯчаи Сино қарор доштанаш, ду нафар ноболиғони 16, 17 ва ҷавонони 20, 23-солаи сокинони пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ ва нафари ҳамроҳаш буда марди 20-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷангу ҷанҷол карда, якдигарро лату кӯб намудаанд. 

Баъдан, ноболиғи 17-сола бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба шиками ҷабрдида зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *