Садамаи вазнин дар маркази шаҳри Душанбе (аксҳо)
Дар назди меҳмонхонаи “Вахш”, воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе садамаи вазнини автобилӣ рух дод.
Абдруҳмон Раҳмонов, журналист ва корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҳамчун шоҳида ҳодиса чанд акс гузошта, чунин навиштааст: “Садамаи нақлиётӣ дар гардиши меҳмонхонаи «Вахш». Соати чанд рух додааст, бо айби, кӣ… кадоме аз ин ронандагон сарзадааст, инашро ҳам намедонам.. Кормандони БДА қазияро баррасӣ доранд.. Хушбахтона талафоти ҷонӣ надорад! Ронадагонро оҷилан ба яке аз беморхонаҳо расонидаанд.. Ба гуфти шоҳидон, танҳо дасти ронандаи таксӣ шикастаасту халос”.
Ҳоло кормандони БДА дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, сабабҳои рух додани ҳодисаро месанҷанд.
Сомонаи Pressa.tj ҳодисаро пайгирӣ дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ