Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Суқути чархбол дар Қирғизистон

Дар вилояти Уши Қирғизистон чархболе, ки Камчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и ин кишварро ҳамроҳӣ мекард, дар роҳ ба сӯи ноҳияи Чон-Алай ба замин афтодааст.

Манобеи бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин чархбол 14 нафар савор будааст, ки чор нафарашон ҷпароҳати сабук бардоштаанд. Тибқи иттилои расида ҳодиса дар деҳаи Кичи-Алайи ноҳияи Арван рух додааст. Гуфта мешавад, ки чархбол оташ гирифтааст.Вазорати мудофиаи Қирғизистон ҳодисаро шарҳ надодааст.4-уми июн Камчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба минтақаи наздик ба марзи Тоҷикистон сафар кард.

Субҳи рӯзи 4-уми июн Хадамоти марзбонии Қирғизистон вазъ дар марз бо Тоҷикистонро “муташанниҷ” унвон кард.Мақомоти қирғиз гуфтанд, ки марзбонони тоҷик дар мавзеи баҳсӣ вагону контейнер гузоштаанд.Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як изҳорот, ки рӯзи 4-уми июн нашр шуд, нигаронии Хадамоти марзбонии Қирғизистонро, ки гуиё марзбонони тоҷик дар минтақаи баҳсӣ “дар дарунтар аз 1000 метр дар қаламрави ин кишвар, контейнер ё вагонҳо ҷойгир кардааст”, нодуруст хонд.

Дафтари матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон гуфтааст, ҷойгир кардани посгоҳи сарҳадӣ дар хатти мувофиқашудаи марз ҳаст.

Муносибати Тоҷикистону Қирғизистон пас аз муноқишаи 28-29-уми апрел ба сардӣ гароид.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.