Тафсилоти бештари сӯхтор дар маҳаллаи Испечак (видео)

Дар натиҷаи сӯхтор ва таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) воқеъ дар маҳллаи Испечаки шаҳри Душанбе 29 нафар осеб дидаанд. 

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман хабар додааст.

“Бо супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати шаҳри Душанбе соати 18:50 дақиқа дар ҳайати 2 гурӯҳ иборат аз 12 нафар бо 2 автомашинаи садамавӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардиданд”, -иттилоъ медиҳад манбаъ.

Сӯхтор  соати  22:12 ба пуррагӣ хомӯш карда шудааст. 

Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи сӯхтор болопӯши мағозаи шафати НФС-и мазкур, девори саҳни ҳавлии хонаи №17 дар суроғаи зикршуда ва шишаҳои тирезаҳои боғчаи хусусии кӯдаконаи “Фазл-2010” қисман зарар диданд.

Муайян гардидааст, ки дар натиҷаи сӯхтор 29 нафар шаҳрвандон зарарҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта: 13 нафар ба Маркази тиббии №3-и шаҳри Душанбе ва 16 нафар ба Муассисаи давлатии Маркази миллиии Шифобахш (Қарияи Боло) интиқол дода шуданд.

Аз Муассисаи давлатии Маркази миллии Шифобахш 12 нафар ва аз Маркази тиббии №3-и шаҳри Душанбе 10 нафар баъди муоинаи табибон ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.

Айни замон дар Маркази миллии Шифобахш 4 нафар ҷароҳат бардоштагон бистарианд, ки ду нафари онҳо ҳоли вазнин доранд.  Се нафар аз зарардидагон занони аз 47 то 25-сола мебошанд. Ҳолати яке аз ин занҳо вазнин аст.

Ёдовар мешавем, ки нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар маҳаллаи  Испечаки шаҳри Душанбе 1-уми май оташ гирифт. Ин ҳодиса тахминан соати 18:30 дақиқа рух додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон гуфт, ки нуқтаи таъмини сӯзишвории “ЭКО-ОЙЛ”, ки оташ гирифт, дар ноҳияи Сино, кӯчаи Зафар, буриши маҳаллаи Ҳамадонӣ (шафати кӯчаи Мехкалон 50) воқеъ аст. Он ба соҳибкор Эҳсонҷон Розиқов, истиқоматкунандаи шаҳри Душанб тааллуқ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *