Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ёров бо «Тайота – Каролла» ҷавонзани 25- соларо пахш кард (видео)

Ронандаи «Тайота – Каролла», ки ҳамагӣ 18 сол дорад, аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромад ва сокини шаҳри Душанберо пахш кард.

Тавре РВКД дар Душанбе хабар медиҳад, 21 –уми сентябри соли равон тахминан соатҳои 23:00 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота – Каролла», рақами қайди давлатиаш 2531 RX 01, Ёров Нурмуҳаммад Ромишоевич ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Сино аз самти кӯчаи И. Сомонӣ ба самти кӯчаи Шамсӣ аз ӯҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромад. Дар натиҷа номбурда ҷавонзани 25-солаи сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, пиёдагард ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки Нурмуҳаммад Ёров ҳамагӣ 18 сол дошта, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Крупский мебошад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.