Хол Машрабов даргузашт
Хол Машрабов, раиси собиқи Кумитаи андози Тоҷикистон ва яке шахсиятҳои бонуфуз дар солҳои 90-ум ва 2000-ум шаби 6-ум ба 7-уми октябр даргузашт. Ӯро нисфирӯзии 7-уми октябр дар ҳавлии масҷиди маъруф ба номи «Хол Машраб» дар Душанбе дафн кардаанд.
Намози ҷанозаи ӯро Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон хондааст. Дар намози ҷанозаи ӯ садҳо нафар ҳузур доштаанд.
Хешовандонаш хабар доданд, ки ӯ бар асари авҷ гирифтани бемориаш ҷон додааст. Хол Машрабов, ки 69 сол дошт, аз соли 2008, ба сактаи сахти мағзӣ гирифтор шуд ва қудрати сухан гуфтанро аз даст дод. То ин замон ба гуфтаи хешовандонаш зиёд ҳаракат намекард ва аксаран бемори бистарӣ буд.
Ӯ аз соли 1998 то соли 2001-ум раиси Кумитаи молиёт буд ва баъд аз он 5 сол раҳбарии ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ бузургтарин ва сераҳолитарин ноҳияи Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ