Холикзода

Холиқзода Турсунойро аёдат кард ва ба  ҳунари ӯ қоил шуд

Абдухолиқ Холиқзода, раиси шаҳри Панҷакент маъюби гурӯҳи якум Турсуной Мустафоеваро аёдат ва ба ҳунари ӯ қоил шуд.

Гуфта мешавад, ки Турсуной Мустафоева аз кӯдакӣ бо амри тақдир бо дастонаш кореро ба ҷо оварда наметавонад, вале ӯ ба тақдир тан надода, ба рағми ҳама душворӣ бо пояш кашидадӯзию бофтанро ёд гирифтааст.

Возможно, это изображение 1 человек

Ҳоло ӯ ҳунаре дорад, ки на ҳама шахси солим аз ӯҳдааш мебарояд ва намунаи онҳо дар намоишгоҳҳои гуногун чун ҳунари воло ва иродаи қавии як зани маъюб ба маъраз гузошта мешавад.

Чанд сол қабл ба ӯ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент хонаи истиқоматӣ тӯҳфа карда шудааст. Ҳоло ӯ бо хоҳараш дар ин хона иқомат мекунанд.

Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни шиносоӣ бо намунаи ҳунарҳои ӯ, барояш тӯҳфаҳои пулию молӣ  тақдим намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *