Холмуродзода боздошт шуд

Агентии мубориза бо ҷиноятҳои иҷтисодӣ ва коррупсия хабар дод, ки нисбат ба муфаттиши калони ин ниҳод Фирӯз Холмуродзода тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда ва таҳқиқи он идома дорад.

Фирӯз Холмуродзода ду ҳафта пеш  аз тарафи маъмурони интизомӣ ва амниятии кишвар боздошт ва ҳамакнун дар СИЗО-и шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Масъулони Агентии зидди коррупсияи Тоҷикистон гуфтанд, ки Фирӯз Холмуродзода бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии кишвар — 247, яъне «қаллобӣ» ва 391 — «сӯистифода аз мақом ё баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ», айбдор дониста мешавад.

Ба иттилои ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир қазияи боздошти Холмуродзода аз ҷониби намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии зидди коррупсия баррасӣ мешавад. Манбаъ гуфтааст,ки Холмуродзода барои дахолат ва таъсир расондан ба парвандаи як шаҳрванди Тоҷикистон, дар заминаи ришваситонӣ, айбдор дониста мешавад ва ҳудуди ду ҳафта қабл аз мақомаш барканор шуд.Масъулони Агентӣ  ба хотири халал ворид накардан ба раванди тафтишоти ин парванда, аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ карданд. Аммо гуфтанд, ки аз эҳтимол дур нест, ба ду иттиҳоми эълоншуда боз айбҳои дигар низ илова шаванд. Ба гуфтаи манбаъ, Фирӯз Холмуродзода танҳо барои тафтишоти ғалат бурданаш дар робита ба қазияи як сокини кишвар, боздошт шудааст.Зимнан, Фирӯз Холмуродзода, сардори гурӯҳи тафтишотии қазияҳои соҳибкори зиндонӣ — Зайд Саидов буд ва аз аввал то лаҳзаи боздошташ ин вазифаро иҷро мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *