Хонаи миллиардери рус Дерипаскаро кофтуков карданд

Шабакаи телевизионии амрикоии NBC дар бораи кофтуковҳо дар хонаи Дерипаска дар Вашингтон хабар дод. Масъулони ФБР гуфтанд, ки агентҳо «дар асоси қонун кори худро  анҷом медиҳанд”, аммо ҷузъиёташро нагуфтаанд. Гумон меравад, ки кофтуковҳо бо таҳқиқи кори ёвари президенти собиқи Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп -Пол Манафорт алоқаманданд. Дар солҳои 2017-2021 ӯ бо олигархҳои рус, аз ҷумла Дерипаска гуфтушунид карда буд. Ба гуфтаи котиби матбуотии миллиардери рус Лариса Беляева, ФБР бар асоси ду фармони марбут ба таҳримҳои ИМА амал мекунад. Ба навиштаи New York Times, ФБР ва додситонии Бруклин чанд сол боз таҳқиқи фаъолияти ин  олигархро анҷом медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *