Хонандаи мактаб дар Зафаробод пахтачинӣ рафту зери чархи трактор монда ҷон дод

Марг ба ҳар васила дунболи мо мегардад. Ӯ моро мекобаду меёбад. Агарчӣ дар Чину дар Яман ҳам бошем. Дареғо, ки дигар ин чеҳраи зебо ин нигоҳҳои пурмеҳрро нахоем дид.  Дигар он табасуми малкҳу он суханони меҳрборашро нахоеҳем шунид. Бо ин марги иҷборият қалбҳоро моломоли дард кардӣ, ҷигарҳоро пурхун кардӣ дидаҳоро хунфишон. Ту ба он сирату сурати тавъманд куҷо шитоб кард? Чаро гулҳои боғи муроди хешро зери хок бурдӣ?!

Волидонаш мегӯянд, ӯро маҷбурӣ ба пахтачинӣ бурданд, раёсати маориф мегӯяд ихтиёрӣ.

Бегоҳии 14-уми сентябр Меҳронаи Фурузон, хонандаи синфи 9-и мактаби рақами 2-и ноҳияи Зафаробод дар майдони пахта зери чархи трактор монда ҷон бохтааст.

Гулсара Назирова модари Меҳронаи Фурузон дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт духтараш ҳамагӣ 15 сол дошт. Ӯ дар марги духтараш омӯзгоронро айбдор медонад, ки иҷборан ба ҷамъоварии пахта бурда бетаваҷҷӯҳ гузоштанд ва то шом дар майдон нигоҳ доштанд.

Ба гуфтаи Гулсара ҳодиса тақрибан соати 19:30 дақиқа рух додааст. Ронанда бехабар аз хонандагон, ки назди ядак (притсеп) дар торикӣ интизори бозгашт ба хона буданд, тракторро идора кардааст. Ба ғайр аз Меҳрона боз ду ҳамсинфаш назди ядаки трактор қарор доштаанд.

“Шоҳидони ҳодиса ду ҳамсинфаш ҳастанд. Яке аз онҳо гуфт ронанда тракторро тез аз ҷой ба ҳаракат даровард ва ядаки он ба китфи Меҳрона расида ӯро ба замин афтонд. Дар торикӣ ронанда надидаст ва трактор аз болои духтарам гузашта рафтаст. Хонандагон ӯро бо ҷароҳатҳои вазнин аз замин бардоштаанд, аммо ӯ ҳалок шудааст. Муаллима он вақт дар назди ин хонандаҳо набудаст, ҳарчанд ӯ бояд хонандагонро сарҷамъ мекард”, — бо алам мегӯяд Гулсара Назирова.

Ин модар аз фавти духтараш дар Беморхонаи шаҳри Хуҷанд, ки ду рӯз пеш он ҷо бистарӣ шуда буд, огоҳ шудааст ва аз рафтани Меҳрона ба пахтачинӣ бехбар будааст.

“Ба Меҳрона гуфта будам то аз беморхона омадани ман ба пахтачинӣ наравад. Ӯ ба хоҳараш гуфтааст, ки муаллимон маҷбур мекунанд ба пахтачинӣ биёед. Баъд ҳамроҳи як ҳамсинфаш Сарвиноз ба пахтачини  рафтааст, онҳоро як омӯзгор роҳбарӣ мекард. Бояд соати 17:00 онҳоро аз майдони пахта мебароварданд, амммо набаровардаанд. Духтарам ба хона занг зада гуфтаст, дертар меравам, хавотир нашавед, аммо… ”, — нақл мекунад Гулсара.

Яке аз пайвандони наздики хонаводаи Назаровҳо гуфт гурӯҳи тахмин 30-нафараи хонандагон ин мактабро баъди анҷоми дарс бо роҳбарии муаллима Қаюмова Гулчеҳра ба пахтачинӣ бурдаанд. Майдони пахтаи наздик ба маҳаллаи Мехнатобод аз Хоҷагии ёрирасони Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд будааст.

Ӯ мегӯяд, бегоҳӣ гурӯҳе аз хонандагонро бо нақлиёт ба хонаҳояшон оварданд, ба гурӯҳи дигар нақлиёт пайдо нашудааст ва то торикӣ дар майдони пахта мондаанд. Байнашон Меҳрона ҳам будааст.

“Се хонандаи синфи 9 болои притсеп интизори нақлиёт буданд. Ронанда якбора тракторро меронад ду духтар зуд мефароянд, Меҳрона якбора афтода зери чарх мемонад. Зане, ки ӯ ҳам ба пахтачинӣ рафта буд, ҳодисаро мебинад мегӯяд Меҳрона каме овоз бароварда, ду бор чуқур нафас кашида, дар ҳамон ҷо ҷон додааст. Баъд кормандони мақомоти милитсия ӯро ба беморхона бурданд”, —  нақл кард ин манбаъ.

Гулсара Назирова модари Меҳрона мегӯяд, “омӯзгорони мактаб шабона хонандагонро ҷамъ карда гуфтаанд, ки касе шуморо пурсад гӯед, ки мо назди Меҳрона набудем ва ӯро надидаем”.

“Оё ин худсафедкунӣ нест?”, — мепурсад Гулсара.

Соли 2009 истифодаи меҳнати кӯдакон ё хонандагони мактабу донишҷӯён дар ҷамъоварии пахта бо фармони алоҳидаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ва вазорати маориф манъ шуда буд.

Мақомот: «Мо хабар надорем, бо хоҳиши худашон рафтанд»

Дар мавриди он, ки ин гурӯҳи хонандагон чӣ тавр ба Хоҷагии ёрирасони мақомоти милитсия ба пахтачинӣ рафтанд ин ниҳод расман то ба ҳол чизе нагуфтааст. Ба гуфтаи сокинон, мақомоти милитсия дар Зафаробод ҳудуди 80 гектар замин дорад.

Дар шӯъбаи матбуоти Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» гуфтанд хоҷагиҳои ёрирасон мустақиман ба Вазорати корҳои дохилӣ итоат мекунанд.

Дар шӯъбаи матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд гуфтанд, аз ин ҳодиса хабар надоранд ва чунин ҳодиса дар мақомоти онҳо сабт нашудааст.

Мудири маорифи ноҳияи Зафаробод Дилафрӯз Ниёзқулова дар суҳбати телефонӣ аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ кард. Ӯ кӯтоҳ гуфт: “ин хонандагон бо хоҳиши худашон баъди дарс ба хоҷагӣ барои ёрдам пахтачинӣ рафтанд. Ман номи хоҷагиро намедонам”.

Дар вилояти Суғд ҳамагӣ чаҳор рӯз пеш мавсими ғунучини пахта оғоз шуд. Беш аз ҳазор нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташкилоту идораҳои вилоятӣ бо роҳбарии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 11 сентябр ба ёрии пахтакорон рафтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *