Толеъномаи 1-уми июли соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Агар ба суханҳои худ аҳамият диҳед, чанд ҳодисаи ногуворро пешгирӣ карда метавонед. Баъзе чизҳои кӯҳнаатонро партофта, ба ҷояш чизҳои нав харед. Ин дигаргунӣ ба ҳолати рӯҳиятон низ таъсир хоҳад расонид. Ҳангоми муомилаву муошират бо нафарони бегона эҳтиёткор бошед ва аз чорчӯба набароед.

Савр (21 апрел-20 май)

Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки имрӯз бо мақомдорони баландпоя баҳс накунед. Баръакс, то метавонед худро дар назди онҳо хубу хоксор нишон диҳед. Ҳарчанд бароятон писанд нест, аммо ба харҷи иловагӣ омода бошед. Мушкилиҳои молиявиатон дар кӯтоҳтарин фурсат ҳалли худро хоҳанд ёфт.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз бахт ба рӯйи шумо механдад, онро аз ҳама ҷиҳат истифода баред, то баъдан пушаймон нашавед. Ҷавзоҳои муҷаррад зудтар аз пайи кофтани ҷуфти худ шаванд ва онҳое, ки оиладоранд, ба қадри ҳамсари худ бирасанд. Аз муошират бо наздикон худдорӣ накунед, балки дар ҳама ҳолат дар паҳлӯяшон бошед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз барои такмили ихтисос ва омӯхтани донишҳои нав рӯзи хуб аст. Мушкилоти кориро на бо ҳамкорон, балки худатон ҳал кунед. Барои таъмир ва хариду фурӯши хона рӯзи бобарор аст. Даромади иловагӣ шуморо интизор нест, бинобар ин, сафакор бошед, вагарна то охири моҳ сахт бепул хоҳед монд.

Асад (23 июл-22 август)

Барои рафъи асабоният имрӯз ба варзиш ва корҳои ҷисмонӣ машғул шавед. Ҳам ором мешавед ва ҳам фикрҳои ноҷоро аз саратон дур мекунед. Вақти он расидааст, ки ба рафторҳои худ аҳамият диҳед ва онҳоро ба танзим дароред. Дар ҳаёти шахсӣ ҳеҷ мушкилие имрӯз шуморо интизор нест, дар ҳарос набошед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз барои расидан ба ҳадафҳои худ кӯшиш кунед. Инсондӯстиатон ба шумо кӯмак мекунад, то дӯстони нав пайдо кунед. Иҷоза надиҳед, ки наздиконатон аз рӯйи гуфтаи нафари бегона кор кунанд. Имрӯз қарз додану қарз гирифтанро ба шумо тавсия намедиҳем. Барои харид низ рӯзи бобарор нест.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки дар ин рӯз оқибати корро фикр накарда, ба нафаре қарз медиҳед. Шом танҳо бошед ва дар оромӣ ба эҳсоси худ гӯш диҳеду дар бораи ояндаатон фикр кунед. Дар муносибатҳои шахсӣ корҳо рӯ ба роҳанд, воҳима карданатон шарт нест. Даромади иловагиро интизор набошед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз имкон доред, то вазъи молиявиатонро аз пештара хубтар кунед. Барои истироҳату фароғат барномаи хубе тартиб доданатон лозим аст. Коратон якранг мегузарад, ки ин шуморо дилгир кардааст. Ситораҳо мегӯянд, ки барои ба кори дигар гузаштан айёми хубу бобарор аст. Бори дигар нағзакак фикр карда бинед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз корҳои ояндаро ба нақша гиред ва барои истироҳат низ ҳатман вақт ҷудо намоед. Шом дар атрофи худ касеро ҷамъ накунед ва кӯшиш кунед, ки тани танҳо бошед. Зиёдтар об бинӯшед, то организматон аз об сер шавад. Қавсҳои муҷаррад бояд аз паси пайдо кардани ҷуфти муносиби худ шаванд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар паси худ ҳамчун муҳофиз девори сангинро эҳсос мекунед, зеро хонаводаатон бо шумо ва дар фикри шумоанд. Ба эҳсос ва толеи худ боварӣ дошта бошед. Дӯстони худро бо пешгӯии ғайричашмдоште ба ҳайрат меоваред. Ҷаддиҳои оиладорро лозим аст, ки дар фикри ҳамсару фарзандонашон бошанд.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз ба навгонӣ даст назанед, зеро рӯз барои корҳои нав мусоид нест. Корҳоеро, ки қаблан оғоз карда будед, имрӯз ба итмом расонед, вагарна ҳамин тавр нотамом боқӣ хоҳанд монд. Фикрониро як сӯ гузошта, асабҳои худро каме ором кунед. Ба ҳавои тоза ва тамошои табиат бароед, чун тобистон ҳам ғанимат аст.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз танҳо худро ба назар гирифта, манфиати шахсони наздикатонро зери по мекунед. Ба оянда хушбинона назар кунед ва аз амалӣ кардани нақшаҳои бузург наҳаросед. Чанд орзуятон ба наздикӣ ҷомаи амал хоҳанд пӯшид. Нафаронеро пушту паноҳ бошед, ки шуморо дӯст медоранду ҳурмат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *