Толеъномаи 10-уми феврали соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бо нафароне дар робита мешавед, ки хеле самимиву хоксоранд. Агар ба тахайюлоти худ дода шавед, мулоқоти ошиқонаро беҳтар месозед. Эҳтимоли ба даст овардани маблағи пулӣ ва туҳфа дар назар аст. Ба саломатиятон хатаре таҳдид намекунад, вале боз эҳтиёткор бошед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз нафарони бо ҳам қаҳриро оштӣ дода, рӯҳафтодагонро шод гардонида метавонед. Барои корҳои шахсии худ вақт наёбед ҳам, ғамгин намегардед. Асабатон дар ин рӯз ноором мегардад. Муносибатҳоятон бо шахсе, ки дӯст медоред, беҳтар мегарданд. Мушкилоти молиявӣ каме ташвишатонро зиёд месозад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Асабоният имрӯз бар зарари худатон аст. Кор ба ҷое мерасад, ки муносибататон бо шахси бароятон азиз вайрон мегардад. Атрофиён аз шумо сабрро интизоранд. Мушкилиҳои саҳар сарзадаро баъди нисфирӯзӣ рафъ месозед. Барои аз ҷароҳатҳо эмин мондан аз сафарҳои роҳи дур ва корҳои вазнин худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи орому бобарор аст. Дар масъалаҳои молиявӣ комёбӣ насиби нафароне мегардад, ки бо фаъолияти омӯзгорӣ ва нашриёт сару кор дорад. Бо вуҷуди нофаҳмиҳои оилавӣ шумо бо меҳрубонӣ муноқишаҳоро рафъ месозед. Кӯшиш намоед, ки хобатон бароҳат ва субҳонаатон хуб бошад.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз асабҳоятон чандон ором нест, аз ин рӯ, бадхоҳон ба зудӣ зарари худро расонида метавонанд. Баъди нисфирӯзӣ дӯстдоштаатон шуморо дастгирӣ мекунад. Барои табобати бемориҳое, ки шуморо азият медиҳанд, бештар адабиётҳои тиббиро мутолиа намоед. Дар хона сар задани муноқиша имкон дорад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Беҳуда кӯшиши ба анҷом расонидани кореро, ки аз ӯҳдааш намебароед, накунед. Каме даромади пулӣ ва баргардонидани қарзҳоятон дар назар аст. Харидани либосро маслиҳат намедиҳем. Ба хасташавӣ роҳ надиҳед. Агар сари вақт истироҳат накунед, гирифтори фишори рӯҳӣ мегардед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи душвор аст. Ягона чизе, ки боиси хушҳолӣ аст, дар корҳоятон муваффақ мегардед. Маблағи хуби пулӣ ба даст меояд. Барои харидани асбобҳои техникӣ рӯзи мусоид аст. Дар ҳама кор, аз ҷумла дар хӯрокхӯрӣ, корҳои ҷисмонӣ ва муносибатҳои ошиқона андозаро нигоҳ доред. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ба ҳар коре, ки даст мезанед, атрофиёнро асабонӣ месозад. Сабаб дар он аст, ки барои ба мақсад расидан худхоҳиву дағалӣ нишон медиҳед. Танҳо наздиконатон ҳолати шуморо дарк мекунанд. Танҳо меҳрубониву ғамхории шахсе, ки дӯсташ медоред, шуморо аз чунин ҳолат берун месозад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Корҳои пештар саркардаи худро ба анҷом расонед, вагарна рӯзҳои дигар аз ӯҳдааш баромада наметавонед. Барои оғози муносибатҳои ошиқона рӯзи мусоид нест, аз ин рӯ, беҳтараш аз вохӯриҳо худдорӣ намоед. Бегоҳирӯзӣ ноором мегузарад. Нофаҳмӣ бо наздикон бо сабаби мушкилоти рӯзгор сар мезанад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Бо вуҷуди баъзе ҳодисаҳои ногувор рӯзи бобарор аст. Мушкилиҳоеро, ки қаблан рафъ сохта наметавонистед, дар ин рӯз ҳал мекунед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст. Аз хӯрдани хӯрокҳое, ки қаблан истеъмол накардаед, худдорӣ намоед. Дар акси ҳол аз дарди меъда нороҳат мегардед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Мушкилии молиявиро танҳо дар сурате рафъ карда метавонед, ки беҳуда харид накунед. Нофаҳмии бо наздиконатон рухдодаро зуд рафъ месозед. Муҳаббатро аз дил дур насозед, беҳтараш зиндагии худро рангин гардонед. Нимаи дуюми рӯзро бо истироҳат ва сайругашт гузаронед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Қабл аз он ки нақшаеро тарҳрезӣ менамоед, вазъиятро дуруст баҳогузорӣ намоед. Мушкилиҳои хурди молиявӣ, ки дар аввал назарногир менамоянд, оҳиста-оҳиста калон мешаванд. Шумо хароҷоти беҳуда бисёр мекунед. Табъатон тамоми рӯз хира мегардад. Корҳои вазнинро ба нақша нагиред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *