Толеъномаи 10-уми июни соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз ҳамалҳо корҳояшонро саросема ва бе дилгармӣ ба сомон мерасонанд. Ҳеҷ кореро ба нақша нагирифта, вақти бештари худро барои истироҳат ҷудо кунед. Агар дар назди худ ҳадафи дуруст гузоред, ба он расидан осонтар аст. Аз бемориҳои сироятӣ худу наздиконатонро ҳифз кунед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Ситораҳо мегӯянд, ки вақти иҷрои корҳи муҳимтаре фаро расидааст. Ҳоло барои ҳалли масъалаҳои марбут ба саломатӣ вақти мусоид аст. Дар масъалаҳои ҳаётӣ бошад, ба дили худ гӯш гунед ва аз пода пеш чанг набардоред. Ҳеҷ гуна даромади иловагӣ дар назар нест, ба умед нашавед ва сарфакор бошед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз шуморо зарур аст, ки корҳоятонро аз будаш зиёдтар иҷро кунед. Сирри одамони дигарро ба касе нагӯед, зеро ин ба ғайбат ва шӯру ғавғо оварда мерасонад, ки баъдан боз доштанаш кори машкил мешавад. Ҳамсаратон ба кӯмаки шумо эҳтиёҷ дорад, ба ӯ беаҳамиятӣ зоҳир накунед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Нақшаи кории имрӯзаи худро тавре тарҳрезӣ кунед, ки аз ҳодисаҳои номатлубу дилгиркунанда раҳо ёфта тавонед. Аз ҷангу ҷидол дар ҷойи кор худдорӣ кунед, зеро дар сари қаҳру ғазаб ҳатто бо роҳбарият муноқиша карда метавонед. Оилаатон шуморо дӯст медоранд ва ҳамеша дар интизори шумоянд.  

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз кореро анҷом медиҳед, ки якранг ва дилгиркунанда аст, аммо он корро касе аз шумо беҳтару хубтар иҷро карда наметавонад. Ба масъалаҳои пулӣ ва иқтисодӣ диққати бештар диҳед. Кӯшиш кунед, ки имрӯз ғаму андӯҳро аз худ дур созед, вагарна муддати дароз ғамро аз худ дур карда наметавонед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз сунбулаҳо ҳама монеаҳоро убур карда, ба мақсад мерасанд ва аз ҳаргуна вазъият роҳи халосӣ пайдо карда метавонанд. Ба худ иҷозат надиҳед, ки хаста шавед. Бештар хоб ва истироҳат карданатон зарур аст. Дар мавриди корҳое, ки ба зудӣ анҷом додан мехоҳед, дақиқан фикр кунед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз ситораҳо мегӯянд, ки аз корҳое, ки бар дӯши шумо гузошта шудаанд, дурӣ наҷӯед. Дар мавриди тиҷорат ҳоло қарори ниҳоӣ қабул накунед. Шуморо зарур аст, ки таҳкурсии худро мустаҳкам намуда, баъдан ба тиҷорат машғул шавед. Худро ба корҳои хона андармон карда, мушкилиҳоро фаромӯш намоед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз имконияти хуберо барои ба даст овардани маблағи начандон калон пайдо мекунед. Кӯшиш кунед, ки дар ҳалқаи дӯстон бошед ва ба маконҳои дилхушӣ равед. Дар баъзе масъалаҳои зиндагӣ шумо набояд бар зидди ҷараёни об ҳаракат кунед. Аз рӯйи вазъият амал кардан бароятон беҳтар аст.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз дар бисёр ҳолатҳо ба худ такя мекунед, аз ин рӯ, ба худ боварии комил дошта бошед. Ба корҳои гурӯҳӣ ҳамроҳ шуда наметавонед, зеро итминон доред, ки дар навбати шумо аъзоёни гурӯҳ рӯ ба гурез меоранд. Бо касе баҳс карда, аз иҷрои баъзе супоришҳо саркашӣ карданатон имкон дорад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ситораҳо дар ин рӯз ба шумо тавсия медиҳанд, ки рӯзро бо худ ва дунёи худ сипарӣ кунед. Муносибати хуби худро бо одамони атрофатон вайрон насозед. Дар корҳои молиявии худ бодиққат бошед. Барои сайругашт ва ором кардани асабҳо рӯзи мусоид аст. Агар дилатон ширинӣ хоҳад, худдорӣ накунед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз эҳсоси аҷибу олиҷанобе дар роҳи ишқу дӯстӣ шуморо фаро мегирад. Вақти бештари худро бо дӯстдоштаатон дур аз хона, масалан, дар боғ ё ҷои дигаре сипарӣ кунед. Даромади кам, вале ногаҳонӣ шуморо хурсанд мекунад. Аммо имрӯз ба шумо харидории ин ё он чизро тавсия намедиҳем.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз корҳоятон барор мегиранду ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардед ва дигарон ин дастовардҳои шуморо қадр мекунанд. Ба оне ки дӯсташ медоред, тӯҳфаи хурдакак, вале боарзишеро тақдим кунед, то ки меҳраш афзун шавад. Ба корҳои вазнини ҷисмонӣ машғул нашавед, эҳтимоли захм бардоштанатон зиёд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *