Толеъномаи 10-уми октябри соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз барои Шумо на он қадар  рӯзи бобарор аст. Дар муносибатҳои ошиқона бурд мекунед. Даромади пулиро интизор набошед, зеро рӯзи гузашта коратон фоидаовар набуд. Ба саломатии худ аҳамият диҳед, зеро саломатӣ ганҷи бебаҳоест, ки аз даст додани ӯ умрро барбод медиҳад. Ба ҳар нафари пешомад бовар накунед.

Савр (21 апрел-20 май)

Нақшаҳоятонро имрӯз амалӣ карда, наметавонед, зеро эҳтимоли омадани меҳмони хира зиёд аст. Барои харид дар бозор рӯзи мусоид аст, зеро вақтҳои охир дар хона камбудиҳои озуқа ба назар мерасад. Бегоҳ барвақттар хоб кунед, зеро имрӯз асабҳоятон хароб мешавад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Бо дӯстон ба сайругашт рафтанро ситораҳо тавсия медиҳанд. Бо маъкшуқаатон кам рашк кунед, зеро ӯ рашкро аз нобоварӣ медонад. Хубтараш ба ӯ фаҳмонед, ки рашки Шумо аз рӯи нобоварӣ не, аз рӯи дӯст доштан ва тарси аз даст надодан аст. Ба дил кинаи зиёд гирифтанро низ ситораҳо тавсия намедиҳанд. Имрӯз барои ба сартарошхона рафтан айни муддаост.

Саратон (22 июн-22 июл)

Саратонҳоро мебояд пулҳояшонро сарфа кунанд, зеро саломатиии яке аз шахсони наздик нохуб шуда,  сарфи калони маблағ дар назар аст. Ба оила ва фарзандони худ аҳамияти хоса диҳед, зеро аз рӯи серкории Шумо онҳо Шуморо ба серӣ намебинанд. Ба аёдати шахси наздик равед, зеро ӯ дер боз Шуморо интизор аст.

Асад (23 июл-22 август)

Шумо гумон мекунед, ки роҳҳои Шуморо кадоме бо ҷоду баста кардааст, аммо хато мекунед. Зеро душманони Шумо то ин дараҷа боақл нестанд. Дар ҳаёт танҳо ба шахсони наздик бовар кунед. Нақшаҳоятонро имрӯз амалӣ карда наметавонед. Сарфакорӣ асоси боигарист.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

То нисфирӯзӣ ба хонаи Шумо эҳтимоли омадани меҳмон дар назар аст. Сири дилатонро хубаш дар дилатон нигоҳ доред. Дар ҷустуҷӯи манбаи иловагии даромад бошед, зеро рӯз то рӯз ниёз ба пул зиёд шуда истодааст. Рӯзҳои истироҳатиро бо аҳли оила гузаронед. Ба саломатии худ низ аҳамият диҳед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ҷойи кор баъзе нофаҳмиҳо рӯй медиҳанд, аммо ба ҳамаи инҳо чашм пӯшида аз ҳеҷ кас наранҷед. Ҳаволаи бадро ба Худо супоред. Дар муносибат бо ҳамсаратон сангдил набошед. Ҳарчанд қошу қавоқаш овезон аст, аммо ӯ Шуморо дӯст медорад. Барои ба мағоза барои хариди калон рафтан имрӯз қулай нест. Зиндадил бошед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Барои тамошои филми ҳунарӣ ва оромкунанда лаҳзаи мувофиқ аст. Бо як гелос қаҳва ва каме ширинӣ ва як филми ба дил наздик метавонед хастагии чандрӯзаро бароред. Асабӣ нашавед ва дар масъалаҳои кӯчак худро набахшед. Пеш аз асабӣ шудан ба рафтори ягон нафар ба худ савол диҳед:

Оё меарзад ки ман барои ин нафар асабҳоямро хароб кунам?

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Нақшаҳоятонро ба пасфардо гузоред, зеро корҳои имрӯзаатонро ҳатто фардо иҷро хоҳед кард. Эҳтимоли даромади пулӣ ва қадрдонӣ аз ҷониби роҳбарият зиёд аст.ба саломатии худ аҳамият диҳед. Барои харид дар бозор рӯзи мусоид нест. Яке аз нафарони наздик ба Шумо хушхабар меорад. Хоби кам ба асабҳоятон бетаъсир намемонад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои харидани тӯҳфа барои шахси наздик айни муддаост. Эҳтимоли гирифтани тӯҳфа низ зиёд аст. Баъди нисфирӯзи бо як занги ногаҳоние табъи Шумо болида мешавад. Бо ҳар нафари пешомада баҳс накунед, аммо дар ҷавоби суханҳои ноҳақ низ хомӯш набошед. Рӯзи гузашта ба Шумо писанд набуд коре кунед, ки имрӯз махсус гузарад.

Далв (21 январ-18 феврал)

Ба аёдати шахси дур рафтан Шуморо аз фикрҳои гуногун халос мекунад. бо оила ва фарзандон сари як дастархон нишаста ҳамакаса маслиҳат карда, баъзе масъалаҳоро ҳал кунед. Барои таъмири асбобҳои хона имрӯз вақт ҷудо кунед. Барои харидани асбобҳои нав қуввататон намерасад. Ба баъзе суханони хабаркашҳо аҳамият надиҳед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рашк бо дӯстдоштаатон дар баъзе ҳолатҳо хуб нест. Барои ёфтани дили ӯ ҳар корро накунед. Қаҳр кардан низ ҳадду ҳудуд дорад. Хабарҳои имрӯз шунидаатон ба дили Шумо шубҳаҳои гуногунро меорад. Хобе ки имшаб мебинед, ба касе нагӯед. Дар ҷойи кор мукофотпулӣ мегиред.

накунед. Қаҳр кардан низ ҳадду ҳудуд дорад. Хабарҳои имрӯз шунидаатон ба дили Шумо шубҳаҳои гуногунро меорад. Хобе ки имшаб мебинед, ба касе нагӯед. Дар ҷойи кор мукофотпулӣ мегиред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *