Толеъномаи 10-уми январи соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред. Ба коре, ки ба зудӣ ва босифат иҷро карда наметавонед, даст назанед. Барои табобат кардану аз одатҳои бад даст кашидан рӯзи бобарор аст. Машқи бадан кардану серҳаракатӣ ба фоидаи шумост. Дар ин рӯз пул сарф накунед, вагарна баракти пул мепарад.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз дар муносибатҳоятон бо ҳамкорон мушкилӣ сар мезанад. Ғалату нобарориҳо боиси рӯҳафтодагӣ ва аз атрофиён дилмонда шуданатон мегардад. Каме даромади пулӣ ва хариди бобарор карданатон имкон дорад. Муносибатҳоятон бо шахсе, ки дӯсташ медоред, гармтару самимитар мешаванд.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи серташвиш аст. Маблағи дилхоҳро ба даст оварда наметавонед, сафаратон бебарор анҷом меёбад. Аз пешниҳодҳои фиребанда худдорӣ намуда, бо нафарони тасодуфӣ шинос нашавед. Аз нобарориҳо рӯҳафтода нашавед, вагарна саломатиятон нохуб мегардад. Дӯстдоштаатон хотиратонро шод месозад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ба баҳсу мунозира роҳ надода, ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ ҳушёриро пеша намоед. Хатари ҷароҳат бардоштану ба садама гирифтор шуданатон вуҷуд дорад. Ба ҳама гуна ҳодисаҳои ногаҳонӣ омода бошед. Бо худ маблағи калони пулиро нагардонед, хатари ба доми дуздон афтиданатон зиёд аст.

Асад (23 июл-22 август)

Қисми аввали рӯз ташвишу мушкилатон зиёд гашта, сари вақт бояд чораандешӣ кунед. Маблағгузорӣ ва хариди калон карданро тавсия намедиҳем, вагарна пули зиёдро аз даст медиҳед. Бегоҳирӯзиро ба истироҳат бахшида, нисбати шахси дӯстдоштаатон муносибати сард накунед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз аз ҳар лаҳзаи ҳаёт ҳаловат бурда метавонед. Корҳои ҳаррӯзаро як тараф гузошта, бо шуғли дӯстдоштаатон машғул шавед. Сафарҳои роҳи дур бобарор анҷом ёфта, бо нафарони аҷиб шинос мешавед. Дар ҳаёти шахсӣ душворӣ пеш меояд, шумо бояд аз ду нафари бароятон писанд якеро интихоб намоед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз аз шиносоиҳои тасодуфӣ ва амалҳои хавфнок худдорӣ намоед. Хабари ногаҳонӣ боиси тағйир ёфтани нақшаву ниятҳоятон мегардад. Харидорӣ намудани либосу ҷавоҳиротро тавсия намедиҳем, вагарна моли бесифатро ба даст меоред. Либосҳои куҳна ё ҳуҷҷатҳои нодаркорро напартоед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯз барои робитаву шиносоиҳои нав бобарор аст. Ҳангоми ба бозору мағоза рафтан ба кисаатон нигоҳ карда харид кунед, вагарна ба зудӣ бепул монда, табъатон хира мегардад. Табъи хуши дӯстдоштаатон аз меҳрубонии шумо вобастагӣ дорад. Агар шамол кашида бошед, беҳтараш рӯзро дар хона гузаронед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Бо сабабҳои ба шумо номаълум вазъи молиявиатон бад мегардад. Рӯзҳои наздик ба умеди ягон манбаи даромад нашавед. Беҳтараш аз пайи сарфа кардани пул шуда, нисбати саломатӣ ва хӯроки худ бодиққат бошед. Содаву зудбовар нашавед, бо нафаре, ки ба наздикӣ шинос шудаед, ба мулоқоти ошиқона наравед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз бо касе шинос шуданро тавсия намедиҳем, таъсири нафари бегона ба ҳаёти шахсиятон оқибати ногувор оварда, сабабгори нофаҳмиву ташвиши зиёде мегардад. Хуб мебуд, ки мулоқоти ошиқонаро ба рӯзи дигар монед, имрӯз андаке худро нотоб ҳис карданатон имкон дорад.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз қаҳру ғазаб ва эҳсосоти манфиро аз худ дур созед. Инчунин, буридани дарахт ва решакан кардани гулу растаниҳоро тавсия намедиҳем. Рӯзро дар ҳалқаи наздикон ва дӯстони ҷонӣ гузаронед. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед. Нӯшидани нӯшокиҳои спиртиро тавсия намедиҳем.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Барои он ки муносибататон бо дӯстдоштаатон вайрон нашавад, бояд якдигарро дарк кунед. Албатта, ин кор чандон осон нест, вале сабру таҳаммул ва меҳрубонӣ шуморо ба мақсад мерасонад. Рӯзи бахшиши гуноҳҳо ва тавбаву панду насиҳат аст. Қаҳру ғазабро аз худ дур сохта, сифатҳои беҳтарини худро нишон диҳед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *